Шиносоӣ бо сохтмони иншооти ҷашнӣ дар ноҳияи Деваштич

Азназаргузаронӣ: 353

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 29 сентябр дар деҳаи Ҳазорчашмаи Ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич рафти сохтмону муҷаҳҳазгардонии  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Бинои нави таълимӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо харҷи 1,4 миллион доллари ИМА сохта шуда, барои 620 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст. Иншооти муҳташами замонавӣ аз 4 ошёна иборат буда, дорои 29 синфхона, 5 утоқи корӣ, лаборатория, толори хониш, китобхона,  ошхона, маҷлисгоҳ, толори калони варзишӣ ва дигар иншооти зарурӣ мебошад.

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5 , ки солҳои 50-уми асри гузашта бунёд гардидааст, 64 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи насли наврас машғул буда, бо сохта шудани бинои нав хонандагон дар беҳтарин шароит таълим мегиранд.

Сипас, Раиси вилоят бо сохтмони маркази хизматрасонии соҳибкорони маҳаллӣ, ки дар доираи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида истодааст, шинос шуд. Дар маркази хизматрасонӣ коргоҳи дӯзандагӣ ва тарабхона ташкил карда шуда, занону духтарони деҳа ба омӯзиш ва кор ҷалб карда мешаванд.

Раиси вилоят паз аз шиносоӣ бо рафти сохтмони иншооти зикршуда барои бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ, тақвияти корҳои ободонию кабудизоркунӣ, сарсабзу хуррамгардонии атрофи иншоот ва кӯчаҳо ба масъулин супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд