Боздиди Раиси вилоят аз боғи себи кооперативи тиҷоратии ба номи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шаҳристон

Боғпарварӣ яке аз шуғлҳои сердаромад ва асосии кишоварзони ноҳияи Шаҳристон буда, дар ин минтақаи хушбоду ҳавои вилоят асосан себ истеҳсол карда мешавад.

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳристон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз боғи себи кооперативи тиҷоратии ба номи Мирзо Турсунзода боздид намуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар кооперативи мазкур 20 гектар боғи себ мавҷуд буда, боғпарварон ҳамасола ҳосили худро ба бозорҳои ҷумҳурӣ ба фурӯш мегузоранд. Ба гуфтаи деҳқонон соли равон низ ҳосил хуб буда, моҳи сентябр пухта мерасад.

Раиси вилоят ба фаъолияти боғпарварон баҳои баланд дода, барои дар оянда ташкил намудани боғҳои интенсивӣ тавсияҳо дод.

Дар ноҳияи Шаҳристон Дар маҷмӯъ 1100 гектар боғи себ ташкил карда шудааст, ки аз он 670 гектараш мевадиҳанда мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд