Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбарони Палатаи савдо ва саноат ва Минтақаи саноатии Анталия

Азназаргузаронӣ: 369

Дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбарони Палатаи савдо ва саноат ва Минтақаи саноатии Анталия дидору гуфтугӯҳо анҷом дод.

Зимни мулоқот роҳбари вилоят вобаста ба имкониятҳои мавҷуда дар самти сармоягузорӣ маълумот дода, ҳавасмандии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо бо сармоягузорону соҳибкорони Туркия иброз дошт.

Таъкид карда шуд, ки аз соли 2009 инҷониб дар қисми саноатии ҷанубу ғарби шаҳри Хуҷанд-маркази маъмурии вилояти Суғд Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" дар масоҳати 320 гектар фаъолият дорад.

Субъектҳои дар минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолияткунанда аз имтиёзҳо бархурдор буда, ба истеҳсоли кабелҳои барқӣ, қубурҳои полимерӣ, профилҳои алюминӣ ва пластикӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва рангҳо, зарфҳои пластикӣ, васлу насби таҷҳизоти истеҳсоли барқ аз нируи офтобӣ ва насосҳои амиқ, инчунин коркарди такрории оҳан машғуланд.

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» барои ташкили корхонаҳои нав ва муштарак шароитҳо фароҳам буда, ҷонибҳо метавонанд дар ин самт ҳамкорӣ намоянд.

Аснои суҳбат бо Алӣ Баҳор-роҳбари Минтақаи саноатии Анталия ҷонибҳо ба ин натиҷа расиданд, ки ҳамкориҳоро вусъат мебахшанд ва миёни тарафҳо созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

1.jpg 2.jpg 3.jpg

4.jpg