Ҳисоботи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли 2021

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ ҷиҳати дар амал татбиӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёмҳо ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд.

Дар раванди  таъмини самтҳои афзалиятноки ҳуҷҷатҳои стратегӣ, аз қабили “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” чораҳои таъхирнопазир андешида, иҷрои ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон - баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишварро бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ маҳаки асосӣ қарор дода, ҷиҳати иҷрои чор ҳадафи стратегӣ-таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерўи барқ, саноатикунонии босуръати кишвар, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, инчунин вусъат додани шуғли пурмаҳсул ҳамаи захираву имкониятҳоро сафарбар намуд.