Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими бунёди боғи интенсивӣ дар «Боғи миллии Ваҳдат» иштирок намуданд

9 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар маросими бунёди боғи интенсивии зардолу ва ба истифода додани хати оби полезӣ дар Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» иштирок карданд.

Дар ҳамин мавзеъ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст хати оби полезиро, ки аз чуқурии 40 метр бароварда шуда, барои обёрии 20 гектар замин пешбинӣ гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.

Иқдоми бунёди чоҳи амудӣ, ки аз 90 метр иборат аст, бо ташаббуси маъмурияти боғ амалӣ шуд.

Сипас, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шинонидани ниҳолҳои зардолу ба бунёди боғи интенсивӣ асос гузоштанд.

Бунёди боғи интенсивии зардолу дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат бо иқдоми маъмурияти Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” амалӣ гардид.

Дар ин қитъа ниҳоли зардолуҳои қадпасти аз Ҷумҳурии Туркия воридгардида аз рӯи меъёри 4 бар 3 шинонида шудааст.

Ҷиҳати истифодаи мақсадноки замин дар байни қаторҳои боғи навбунёд, инчунин кишти зироати барвақтӣ, аз ҷумла картошкаи зери плёнка ва сабзавот ба роҳ монда шудааст.

Тибқи стандарти бунёди боғҳои анъанавӣ, дар масоҳати 5 гектар замин мувофиқи меъёри 8 ба 8 метр дар як гектар шинонидани 150 -156 бех ниҳол муқаррар карда шудааст. Аз рӯи меъёри 10 ба 10 метр  дар як гектар метавон 100 бех ниҳол шинонид, ки дар шароити феълӣ ин усули бунёди боғ камдаромад мебошад.

Дар ҳамин масоҳати 5 гектар замини ҳудуди Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳудуди чор ҳазор ниҳоли зардолуи қадпаст шинонида мешавад, ки ин яке аз афзалияти бунёди боғҳои интенсивӣ мебошад. Зимнан ҳамин усул ба гирифтани маҳсулнокии баланд ва сифатнокии мева мусоидат мекунад.

Ҳамин аст, ки баъди тасмими ташкили чунин боғҳо дар асоси супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо дар “Боғи миллии Ваҳдат” бештар аз 18 гектар боғи интенсивӣ ва суперинтенсивӣ бунёд карда шудааст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон боғи фарҳангӣ-фароғатии «Темурмалик»-ро дар шаҳри Гулистон ифтитоҳ намуданд

9 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Муассисаи давлатии боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи «Темурмалик»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Темурмалик» дар соҳили «Баҳри тоҷик» соли 1991 таъсис ёфта, бо гузашти сӣ сол ба таҷдиду навсозӣ ниёз пайдо намуда буд. Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар оғози соли 2021 корҳои таҷдиду навсозӣ дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи «Темурмалик» шурӯъ гардида, дар муддати кӯтоҳ ба анҷом расонида шуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз бардоштани парда аз рӯи муҷассамаи қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик барномаи театрикунонидашудаи аҳли фарҳангро тамошо намуданд.

Қобили зикр аст, ки номи Темурмалик ҳамчун қаҳрамони халқи тоҷик дар саҳифаи таърих абадан сабт шудааст.

Солҳои 1219-1220 ҳангоми ҳуҷуми аҷнабиён Темурмалик бо корнамоиҳои бузург барои мудофиаи диёри худ ҷасорату шуҷоат ва ҳисси баланди ватандӯстӣ нишон додааст, ки ин ҳама дар барномаи театрикунонидашуда нишон дода шуд. Дар девораи навбунёди шафати муҷассама корномаҳои таърихии Темурмалик наққошӣ гардидаанд, ки ин дар ниҳоди ҷавонону наврасон ҳисси худшиносиро бедор мекунанд.

Муассисаи давлатии боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи «Темурмалик» дар масоҳати 3,2 гектар доман паҳн намуда, баъди навсозӣ шудан шароити истироҳату фароғатро барои сокинону меҳмонони шаҳри Гулистон фароҳам овардааст. Дар доираи корҳои созандагӣ дар масоҳати 20 ҳазор метри мураббаъ корҳои сабзкорӣ анҷом ёфта, роҳравҳои боғ дар масоҳати 8 ҳазор метри мураббаъ сафолакпӯш карда шудаанд. Ҳамчунин нишастгоҳҳои наву замонавӣ насб гардида, суҳбаткадаҳо бунёд гардидаанд.

Тибқи лоиҳа дар ҳудуди боғ муҷассамаи Темурмалик гузошта шуда, муҷассамаи «Хотира», ки қаблан бунёд ёфта буд, таъмиру навсозӣ гардид. Бунёди се фаввора, як шаршара дар ҳудуди боғ ва ҳавзи шиноварӣ барои кӯдакон ба ин мавзеъ ҳусни хоса зам мекунад. Барои равшанкунӣ дар ҳудуди боғ 120 сутунпояи равшанидиҳанда насб гардида, обёрии иншоот пурра таъмин карда шудааст.

Барои ҳаракати бемонеаи воситаҳои нақлиёт бештар аз 2 километр роҳи мошингарди ҳудуди боғи фарҳангӣ-фароғатӣ пурра мумфарш карда шуда, таваққуфгоҳи нақлиётӣ низ ташкил гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷдиду навсозии боғҳои фарҳангӣ-фароғатиро дар мамлакат барои фароҳам овардани шароити арзандаи фароғати сокинон ва баланд бардоштани ҳисси зебоипарастӣ дар ниҳоди хурду бузург маънидод намуданд. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар доираи сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати мамлакат ба хотири қадршиносии фарзандони фарзонаи миллат номи боғу гулгаштҳо ва дигар ҷойҳои махсус ба номи фарзонафарзандони миллати тоҷик гузошта шуда, бо ин васила номи неку кори некашон ҷовидона нигоҳ дошта мешавад. Номгузории боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Гулистон ба номи Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик тасдиқи гуфтаҳои болост.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар мамлакат 96 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ мавҷуд аст, ки аз ин шумора 22-тои он дар вилояти Суғд мебошанд. Қобили зикр аст, ки танҳо давоми даҳ соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар баробари навсозии боғҳои фарғангӣ-фароғатӣ даҳҳо боғҳои нав бунёд гардиданд.

Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи «Темурмалик» бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон аттраксионҳои наву замонавӣ насб гардида, воситаҳои дилхушии наврасону кӯдакон, ба монанди автомобилҳои барқӣ дастрас карда шудааст.

Гулистон ҳамчун шаҳри сайёҳӣ дар соҳили «Баҳри тоҷик» имконияти зиёд дорад. Дар доираи корҳои созандагиву ободонӣ соҳили баҳр навсозӣ карда шуда, барои машқу тамрин ва ба ин васила ҳар чӣ бештар ҷалб намудани мардум ба варзиш шароит муҳайё карда шудааст.

Дар Муассисаи давлатии боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи «Темурмалик» бо умеди сарзабзии диёр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарахтони ҳамешасабзу нодир шинониданд.

Иттилоъ дода шуд, ки барои сабзу хуррам намудани боғи мазкур бештар аз 300 бех дарахтони ороишӣ ва зиёда аз 118 ҳазор дона гулҳои рангоранг шинонида шудаанд. Ҳамзамон дар ҳудуди боғ дигар иншооти ёрирасон бунёд гардида, корҳои сохтмониро ширкатҳои ватанӣ анҷом додаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Маркази таҳсилоти иловагӣ дар шаҳри Гулистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии  Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистонро мавриди истифода қарор доданд.

Муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва корхонаҳои саноатӣ бунёд гардидааст.

Корҳои сохтмонии бино аз моҳи марти соли 2021 оғоз гардида, дар муҳлати 10 моҳ пурра ба анҷом расонида шуданд. Бинои мазкур аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 13 синфхона, маҷлисгоҳ барои 60 нафар ва толори хониш барои 20 нафар мебошад. Муассиса дорои маркази гармидиҳист.

Дар таҳхонаи бино барои 30 нафар занон ва духтарони имконияташон маҳудуд коргоҳи дӯзандагӣ ташкил карда шудааст.

Муассиса барои қабули 500 нафар хонанда дар ду баст омодааст. “Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон” дорои 24 воҳиди корӣ буда, омӯзгорону мутахассисон бо ҷои кори доимӣ таъмин шуда, барояшон шароити хуби кор фароҳам оварда шудааст.

Зимни шиносоӣ бо шароити забономӯзӣ ва синфхонаҳои касбу ҳунаромӯзии Муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки роҳбарони муассисаҳои таълимӣ бояд ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистонро мавриди истифода қарор доданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистонро ифтитоҳ намуданд.

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ давоми як сол истифода аз масолеҳи баландсифат ва ҷавобгӯи талаботи замон иншооти мазкур дар масоҳати умумии 1122 метри мураббаъ бо тарҳу намуди муосир бунёд гардид.

Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, дорои 6 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 110 ҷои нишаст, китобхона ва дигар хуҷраҳои ёрирасон аст.

Дар иншооти навбунёд барои фаъолияти кормандон шароити хуб фароҳам оварда шудааст.

Дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон утоқҳои корӣ бо компютер ва дастгоҳҳои тақвияти овоз муҷаҳҳаз карда шудаанд.

Роҳбари муаззами Ҳизб аз кормандон ҳисси баланди масъулияти ватандустӣ, худшиносию худогоҳӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлоли давлатиро талаб намуданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Кӯдакистони «Бобуна»-ро дар шаҳри Гулистон ифтитоҳ намуданд

9 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон бинои иловагии ширхоргоҳ — кӯдакистони рақами 22-и “Бобуна”-ро баъди навсозиву таъмири куллӣ мавриди баҳрабардорӣ карор доданд.

Кӯдакистон дар заминаи дастгирии давлатӣ оид ба рушди соҳаи маориф, ҷиҳати амалисозии дастуру ҳидоятҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ба истифода дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бино бо харҷи 3 миллион сомонӣ пурра навсозӣ гашта, бо тарҳу лоиҳаи хосса барои таълиму тарбияи то 180 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст.

Иншоот аз 2 ошёна, хонаҳои алоҳидаи хоб ва машғулиятгузаронӣ барои 6 гурӯҳ, толори мусиқӣ, ҳуҷраи тиббӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва ёрирасон иборат аст.

Дар саҳни ҳавлӣ суҳбаткадаҳои мавсимӣ, ҳавзи шиноварӣ мавҷуд буда, муассиса барои таъмини фаъолияти мунтазаму самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон ба шабакаи гармидиҳӣ пайваст мебошад.

Бо бунёди бинои иловагӣ 15 нафар мутахассисон бо кор таъмин гаштанд, ки бо ин шумораи кормандону мутахассисон дар ширхоргоҳ — кӯдакистони “Бобуна” ба 45 нафар расид.

Раванди таълиму тарбия дар муассиса асосан бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст. 2 гурӯхи алоҳида пурра бо забони русӣ амал мекунад ва барои ин мутахассисон мерасанд. Ҳамзамон ба омӯзиши забонҳои дигари хориҷӣ, аз ҷумла англисӣ ва русӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир карда шуда, тарбиятгирандагон тибқи нақшаи барномаи давлатӣ ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҷалб карда мешаванд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки ширхоргоҳ-кӯдакистони “Бобуна” ягона муассисаи томактабӣ дар шаҳраки Сирдарё барои 3000 нафар аҳолӣ буда, ба истифода додани бинои иловагӣ то андозае талаботи аҳолӣ ба муассисаҳои томактабиро қонеъ кард.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароиту имконияти муассисаи томактабӣ зиёд кардани шумораи кӯдакистонҳоро дар маҳал тадбири муҳим ҷиҳати фарогирии ҳар чи бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ арзёбӣ намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар Корхонаи давлатии кишоварзии «Палос» хати оби полезиро ба истифода супориданд

8 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамчунин ба мавзеи Сомғор ташриф оварда, нахуст хати оби полезии Корхонаи давлатии кишоварзии “Палос”-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ба истифода доданд.

Хати оби полезӣ бо насби ду муҳаррики нав бо иқтидори 1500 киловолт ва гардиши 750 аз масофаи 20 километр аз канали якуми Сомғор ба ин мавзеъ оварда шуд.

Иқдоми обёрии заминҳои мавзеи Сомғор бо мақсади истифодаи пурсамару мақсадноки заминҳо амалӣ гардида, ин раванд барои ба гардиш даровардани қитъаҳои нав, пешгирӣ аз шӯршавии заминҳо, барқарор ва бунёди боғу токзори интенсивӣ ва суперинтенсивӣ мусоидати фаъол хоҳад кард.

Сипас, дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Нақшаи ҷойгиршавии токзори деҳоти “Дадабой Холматов” ва “Исмоил”-и ноҳияи Бобоҷон Ғавуров шинос шуда, дар Корхонаи давлатии кишоварзии “Палос”-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо шинонидани ниҳоли ток ба бунёди 50 гектар токзори нав оғоз бахшиданд.

Бо оғози бунёди токзори нав 50 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, дар ҷараёни корҳои мавсимӣ дар саҳро иловатан 150 нафари дигар ҷалб карда мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҷамоатҳои “Дадабой Холматов” ва “Исмоил”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 2800 гектар токзор мавҷуд буда, соли равон дар асоси нақша 200 гектари он барқарор карда мешавад.

Ангурпарварони ду деҳот, ки аксарияти токзори ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дар ихтиёр доранд, танҳо соли 2021 зиёда аз 15 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ ва пешниҳоди бозори истеъмолӣ намудаанд.

Бунёди токзори нав дар мавзеи Сомғор дар заминаи боғҳои кӯҳна, ки солҳои 1978 -1979 ташкил гардида буд, бо дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Корхонаи давлатии кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила анҷом дода мешавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулони Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти вазъи кунунии ҷаҳони муосир, аз ҷумла норасоии маводи ғизоӣ дар бархе аз кишварҳои дунё ҷиҳати истифодаи мақсадноку бомавриди заминҳои дар ихтиёрдошта ва бо ин роҳ афзоиш додани ҳаҷми солонаи истеҳсоли маҳсулоти босифати ватанӣ ба роҳбарияти корхона дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи мебелбарории ҶДММ «Ситораи Суғд»-ро мавриди истифода қарор доданд

8 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд корхонаи мебелбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ситораи Суғд»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи нави саноатӣ дар доираи ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати кишвар ва Солҳои рушди саноат (солҳои 2022-2026) аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Фурқат Дадабоев бо харҷи 1,5 миллион сомонӣ бунёд ва бо технологияи муосир муҷаҳҳаз карда шудааст.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи нави истеҳсолӣ 30 нафар, аз ҷумла бонувони  маҳаллӣ бо шароити хуби кор  ва маоши баланд таъмин гардиданд.

Масоҳати умумии иншооти нави саноатӣ 1,5 гектарро дар бар гирифта, биноҳои истеҳсолӣ ва анборҳои маҳсулоти хому тайёри он дар майдони 1100 метри мураббаъ қомат афрохтаанд.

Дар корхона намудҳои гуногуни мебел, аз ҷумла мизу курсӣ, роҳаткурсӣ, рахти хоб ва ҷевон бо сифати баланд истеҳсол карда мешаванд.

Дастгоҳу таҷҳизоти васлгардида дар корхонаи мазкур аз давлатҳои Чин ва Туркия ворид гардида, онро мутахассисони маҳаллӣ идора мекунанд.

Ашёи хом барои истеҳсоли мебел, аз ҷумла ДСП, МДФ, ЛДСП ва ФАРНИТУРА аз Федератсияи Русия ва Туркия дастрас гардида, дар асоси фармоиш ва завқу салиқаи мизоҷон бо шаклу андоза ва дизайни муосир маҳсулоти босифати ватании ивазкунандаи воридот омода карда мешавад.

Корхона имкон дорад, ки бо истифода аз муосиртарин дастгоҳҳо дар раванди истеҳсоли мебел дар як моҳ 1000 метри мураббаъ ЛДСП ва МДФ-ро коркард намояд.

Истеҳсолоти корхона дар марҳилаи аввал ба таъмини бозори дохилӣ равона гардида, масъулон дар асоси дастуру маслиҳатҳои Сарвари давлат иқдом гирифтаанд, ки бо боло бардоштани иқтидори истеҳсолӣ содироти маҳсулоти ватаниро ба кишварҳои ҳамсоя ҳам ба роҳ монанд.