Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол барои ишғоли мансабҳои зерин озмун эълон менамояд

Азназаргузаронӣ: 1072

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол барои ишғоли мансабҳои зерин озмун эълон менамояд:

Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2263 сомонӣ.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1519 сомонӣ.

Сармутаҳассис-ҳуқуқшуносӣ шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳр - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1031 сомонӣ.

Сармутахассиси бахши маориф мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1031 сомонӣ.

Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеъаи дастгоҳи Раиси шаҳр - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1031 сомонӣ.

Мутахассиси пешбари бахши иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 972 сомонӣ.

Мутахассиси пешбари бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимиятии давлатии шаҳр - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 972 сомонӣ.

Мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 972 сомонӣ.

Мутахассиси пешбари бахши сохтмон ва меъмории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 972 сомонӣ.

Мутахассиси бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 759 сомонӣ.

Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 759 сомонӣ.

Барои иштирок дар озмун 

ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- аризаи шахси ба унвони Раиси шаҳр; 

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо

  намудаанд)

-маълумот оид ба доштан ё надоштани доғи судӣ

-гувоҳномаи исқомат

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр:

-таҳсилоти олии касби, бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;   

-3 сол собиқаи хизматӣ давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

 -дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр:

-таҳсилоти олии касби, бо ихтисоси гуманитарӣ, рӯзноманигорӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;   

-4 сол собиқаи хизматӣ давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

 -дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби сармутахассиси шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр:

-таҳсилоти олии касби, бо ихтисоси гуманитарӣ, рӯзноманигорӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;   

-2 сол собиқаи хизматӣ давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

 -дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

         -малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассиси шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр:

-таҳсилоти олии касби, бо ихтисоси гуманитарӣ, рӯзноманигорӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;   

 -дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

         -малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбари бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр:

-таҳсилоти олии касби, бо ихтисоси иқтисодчӣ, молиячӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;   

-дониш ва малакаи банақшагирии раванди кор;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

         -малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбари бахши сохтмон ва меъмории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр:

-таҳсилоти олии касби, бо ихтисоси меъмор, сохтмончӣ, барномасоз, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;   

-дониш ва малакаи идоракунӣ, банақшагирии раванди кор;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

 -малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби сармутахассис-ҳуқуқшуноси шуъбаи ташкили ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳр:

-таҳсилоти олии касби, бо ихтисоси ҳуқуқшуносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;   

-2 сол собиқаи хизматӣ давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

   -малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр:

-таҳсилоти олии касби, бо ихтисоси гуманитарӣ, омӯзгорӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;   

-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

 -малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассиси бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр:

-таҳсилоти олии касби, бо ихтисоси ҳуқуқшунос, гуманитарӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;   

-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

 -  малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби сармутахассиси бахши маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр:

-таҳсилоти олии касби, бо ихтисоси гуманитарӣ, омӯзгорӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;   

-2 сол собиқаи хизматӣ давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

 -дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

 -малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбари бахши иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр:

-таҳсилоти олии иқтисодӣ, ихтисоси соҳаи ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;   

 -донистани забонҳои хориҷӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

  - малакаи кор бо компютер.

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

Ҳуҷҷатҳо ба нишонаи зерин бояд пешниҳод карда шаванд: шаҳри Истиқлол, кучаи И.Сомонӣ 14, бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол, ошёнаи 2, утоқи шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳр. Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо 21 рўз тақвимӣ мебошад.

Қабули ҳуҷҷатҳо ҳамарӯза аз соати 8:00 то 17:00 (ба ғайр аз рӯзҳои шанбе ва якшанбе) амалӣ мегардад.