Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд

Имрӯз дар Қасри миллат музокироти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин, ки бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф оварданд, баргузор гардид.

Зимни мулоқот сарони ду давлат вазъи кунунӣ ва дурнамои тамоми маҷмӯи шарикии стратегӣ ва муносибатҳои  ҳампаймонии Тоҷикистону Русияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард

28 июн дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путинро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба хотири пазироии сатҳи баланди меҳмони олиқадр Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо парчамҳои давлатии ҳар ду кишвар оро ёфта буд.

Аёдати собиқадорони меҳнат бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ якчанд собиқадорони меҳнатро аёдат намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷумла собиқадори хизмати давлатӣ Баҳриддин Ахмедов, Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод ва собиқадори соҳаи маориф Раҳимҷон Каримовро аёдат карда, фарорасии иди Ваҳдати миллиро барояшон табрик гуфт.

Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар вилояти Суғд

Бегоҳии рӯзи 26 июн дар назди Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии идона доир гардид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сокинони вилоятро табрику таҳният намуд.

Қайд карда шуд,  ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар тақвими миллати куҳанбунёди тоҷик ҳамчун рӯзи пирӯзӣ бар қувваҳои ҷудоихоҳ ва оғози марҳалаи нави таърихӣ таҷлил мегардад, зеро ваҳдати миллӣ хавфи пароканда шудани миллат ва аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷиконро ба таври воқеӣ пешгирӣ намуд.

ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ

26.06.2022, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Дар таърихи ҳар як халқу миллат воқеаҳое рӯй медиҳанд, ки ҳамчун маҳсули ақлу хиради ҳамон миллат барои пойдории давлат аҳаммияти бузурги ҳаётӣ дошта, ба наслҳои минбаъда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунанд.

Барқарор гардидани сулҳу субот ва расидан ба ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик аз ҷумлаи ҳамин гуна рӯйдодҳои таърихӣ мебошад, ки имрӯзҳо 25-солагии он дар кишвари маҳбубамон таҷлил мегардад.