Шиносоӣ бо рафти корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

23 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос гардид.

Чуноне иттилоъ дода шуд, сокинони ноҳия ба истифодаи самараноки замин таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, аз заминҳои дар ихтиёрдошта маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ба даст меоранд. Дар ноҳия масоҳати заминҳои корами обӣ 12 ҳазору 527 га, заминҳои корами лалмӣ 2 ҳазору 251 га, заминҳои чарогоҳ 6 ҳазору 213 га, заминҳои наздиҳавлигӣ 3 ҳазору 260 гектарро ташкил медиҳад.

Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолони ноҳияи Ҷаббор Расулов

23 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов бо фаъолони ноҳия мулоқот намуд.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки 18 июни соли равон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон баргузор гардид ва Сарвари давлат дар суханронии пурмуҳтавои хеш вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишварро таҳлилу баррасӣ намуда, ба роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Таҳти унвони “Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва масъалаҳои таъмини суботи сиёсӣ ва ҷаҳони муосир”  конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд

22 июни соли равон дар толори Раёсати Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва масъалаҳои  таъмини суботи сиёсӣ ва ҷаҳони муосир” бо иштироки Раиси вилоятии Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ходимони давлативу ҷамъиятӣ, сиёсатмадорони ҷумҳурӣ, олимону устодон аз Академияи миллии илмҳои  Тоҷикистон доир гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ дар конфронс нахуст фаро расидани 25-умин солгарди  Рўзи Ваҳдати миллиро табрик гуфт. Қайд карда шуд, ки маҳз бо шарофати барқарор шудани сулҳу ваҳдати  миллӣ дар таърихи навини кишварамон марҳалаи нави созандагию бунёдкорӣ оғоз гардида, Ватани азизамон аз вартаи ҳалокату парокандагӣ наҷот ёфт. Барқарор шудани сулҳу субот имконият фароҳам овард, ки татбиқи барномаҳои муҳимтарини иқтисодию иҷтимоӣ бо ҳадафи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти озуқаворӣ ва гузаронидани маъракаҳои муҳими сиёсию фарҳангӣ амалӣ гардад.

МУРОҶИАТНОМАИ иштирокчиёни конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявии «Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва масъалаҳои таъмини суботи сиёсӣ дар ҷаҳони муосир»

22 июни соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва олимону донишмандон конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявии «Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва масъалаҳои таъмини суботи сиёсӣ дар ҷаҳони муосир» баргузор гардид. Дар охир аз ҷониби иштирокдорони конференсия муроҷиатнома қабул карда шуд, ки пешниҳоди хонандагон мегардад:

Ҷамъбасти мусобиқаҳои вилоятӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд

22 июн дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маросими пӯшидашавии мусобиқаҳои кушоди вилоятӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд баргузор гардид.

Мусобиқаҳои вилоятӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи 26 намуди варзиш ва дар се марҳила, марҳилаи якум моҳи апрел байни маҳаллаву деҳа, марҳилаи дуюм моҳи май байни ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳру ноҳияҳо ва марҳилаи сеюм аз санаи 20 май оғоз гардида, то имрӯз идома ёфт.