Ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт барои давраи тирамоҳу зимистон

Азназаргузаронӣ: 207

12 май дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати муовини якуми Раиси вилоят Хол Ҳайдар ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа ҳайати Ситоди вилоятӣ-роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ташкилоту идораҳо, шабакаҳои минтақавии интиқоли барқ ва муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.

Дар ҷаласа таъкид карда шуд, ки бо мақсади таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, №133 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023» қарори дахлдори Раиси вилоят имзо гардида, тибқи он нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардидааст. Ҳамзамон эҳтиёҷоти муассисаҳои тиббӣ, муассисаҳои соҳаи маориф, муассисаҳои соҳаи фарҳанги шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ангишту ҳезум дар фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 муайян гардида, масъулинро зарур аст, ки ҷиҳати таъмини нақшаи чорабиниҳо аз ҳоло чораҷӯӣ намоянд.

Ба масъулин инчунин барои пурра омода намудани муассисаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ ва захираи зарурии хӯроки чорво супоришҳо дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд