Дар Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд маҳфили "Донандагони осори Пешвои миллат" таъсис ёфт

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш, худшиносиву худогоҳӣ, эҳтиром ба арзишҳои милливу башарӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ифтихор аз миллату давлатдорӣ байни кӯдакону наврасон шуруъ аз 1 июни соли ҷорӣ дар китобхонаи Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд маҳфили доимоамалкунандаи "Донандагони осори Пешвои миллат" роҳандозӣ карда шуд.

Маҳфили мазкур ҳар ҳафта як маротиба баргузор гардида, дар он асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутолеа ва шарҳу тавзеҳ дода мешавад. Дар доираи маҳфил хонандагон мулоҳизаи худро баён намуда, тавассути асарҳои арзишманд аз таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ ва тамаддуни миллати тоҷик огаҳӣ пайдо мекунанд.

Лозим ба такид аст, ки осори Пешвои муаззами миллат роҳнамои хубе ҷиҳати тарбияи насли наврас дар руҳияи худогоҳӣ ва арзишҳои миллӣ маҳсуб меёбад.

Қобили зикр аст, ки тамоми осори Сарвари давлат дар китобхонаи Маркази таҳсилоти иловагии вилоят дастрас аст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд