Ҳунармандони театри шаҳри Хоруғ дар Бӯстон намоишномаи "Лаъли Бадахшон"-ро ба саҳна гузоштанд

Бахшида ба ҷашни 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 100 солагии Ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ Меҳрубон Назаров бегоҳии  22 июни соли ҷорӣ дар Театри давлатии русии драмма ва мазҳакаи шаҳри Бӯстон намоишномаи "Лаъли Бадахшон"-и ҳунармандони Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ пешниҳоди тамошобинон гардид.

Намоишнома  аз рӯи асари драматурги тоҷик Ҷумъа Қуддус,  аз ҷониби коргардони театр Умеди Хисрав таҳия гардида, ҳунармандони театр бо маҳорати баланди касбӣ нақшофарӣ намуданд.

Дар баробари инъикоси масъалаҳои ахлоқӣ дар намоишнома оид ба ганҷинаҳои нодири Тоҷикистон ва мавзеъҳои дилрабои кишвар иттилоъ дода шуда, перомуни аҳамияти солимгардонӣ ва шифобахшии ин мавзеъҳо гуфта шуд.

Пас аз намоиш муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ва раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ суханронӣ намуда, меҳмонон-ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шахри Хоруғро ба вилояти Суғд ва шаҳри Бӯстон аз номи Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода хайрамақдам гуфтанд.

Зикр гардид, ки бо ибтикори наҷиб ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санъату ҳунари волои халқи тоҷик рушд ёфта, баргузории намоишномаҳои сайёр баҳри табодули таҷриба заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Иттилоъ дода шуд, ки намоишномаи "Лаъли Бадахшон" дар фестивал-озмуни театрҳои касбӣ  “Парасту” дар соли 2021 сазовори ҷоиза гардида, дар ҷашнвораи “Фаҷр” дар шаҳри Теҳрон низ намоиш дода шудааст.

Намоиши “Лаъли Бадахшон” мардумро ба роҳи некиву накӯкорӣ, хайру сахо ва дӯстдории обу хоки ин сарзамин ва эҳтиром ба сарватҳои табиӣ даъват менамояд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд