17 май дар ноҳияи Деваштич семинари илмию амалии минтақавӣ дар мавзуъи «Технологияи парвариши картошка дар минтақаҳои доманакӯҳӣ» баргузор гардид, ки дар кори семинар кишоварзон ва роҳбарони хоҷагиҳои картошкапарвари ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд
Дар семинар, ки бо ҳузури намояндагону олимон ва коршиносони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (АИКТ), Филиали институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ,Маркази комплекси агросаноатии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Маркази технологияҳои инноватсионӣ ва механиконии кишоварзии АИКТ, Вазоарти кишоварзии мамлакат, Сарраёсати кишоварзии вилоят сурат гирифт, таъкид карда шуд, ки кишоварзони вилоят, масъулин ва мутахассисони соҳа бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ, бештар таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ, баланд бардоштани боздеҳи замин ва ҳосилнокии зироатҳо, инчунин ба роҳ мондани истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои замин ва об, дар самти амалисозии рушди устувори соҳа тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.