Муаррифии «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2021-2025»

Бо ибтикори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии техникии Барномаи рушди СММ рўзҳои 17-18 майи соли 2022 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи муаррифии «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2021-2025» баргузор гардид.

Мақсад аз роҳандозӣ намудани ин иқдом муаррифии Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2021-2025 буда, дар кори ҷаласа вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ ва Ашурзода Ғиёсиддин Маҳмадмурод иштирок намуданд.

СУҒД: Тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо Рӯзи оммавии футболро ҷашн гирифтанд

Дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи оммавии футболи Конфедератсияи футболи Осиё – AFC Grassroots Football Day-ро таҷлил карданд. Дар ин бора аз Федератсияи футболи вилояти Суғд хабар доданд.

Бахшида ба ин рӯз дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» фестивали футбол баргузор гардид, ки дар он беш аз 100 нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои кӯдакони ятими Хуҷанд, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Истаравшан иштирок намуданд.

ДАР БОРАИ ОҒОЗИ АМАЛИЁТИ ЗИДДИТЕРРОРИСТӢ. Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

17 майи соли 2022 аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ бо мақсади халалдор сохтани вазъияти сиёсӣ-ҷамъиятӣ шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кулмаро дар қисмати роҳи ноҳияи Рӯшон, бевосита дар назди хати сарҳади давлатӣ, ғайриқонунӣ бастанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷинояткорон бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалии террористӣ силоҳу лавозимоти ҷангиро берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ дастрас карда, барои анҷом додани амалҳои террористӣ ва дигар шаклҳои иғвоангезӣ зархаридони хориҷиро ҷалб намуданд.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш