Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев ба Тоҷикистон омад

Шоми 12 май Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе меҳмони олиқадрро муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Дар рафти ин сафар Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаевро муовини ӯ, раиси Кумита оид ба молия ва буҷет, аъзои як қатор кумитаҳои Сенати Парламенти Қазоқистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.