Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар вилояти Суғд

5 октябр дар Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиш баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода суханронӣ карда, фарорасии Рӯзи забони давлатиро ба сокинони вилоят табрик намуд.

Таъкид гардид, ки забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи ҳастии хеш ҳамчун пурарзиштарин падидаи фарҳанги тоҷикон симои миллати куҳанбунёди моро ба таври шоиста муаррифӣ намудааст.

Олитарин маҳсули тафаккури бузургони ҷаҳони андеша, адабиёт, илму маориф ва фарҳанги тоҷик маҳз тавассути забони тоҷикӣ то замони мо расида, ҳамчун нодиртарин ганҷинаҳои ақлонии соҳибзабонон муаррифӣ шудаанд.

Имрӯз дар хазинаҳои нодири китобхонаҳои ҷаҳон асарҳои зиёде маҳфузанд, ки бо забони тоҷикӣ ба қалам омада, ин забони нобро, ки асосан ҳамчун забони шеъру илму адаб дониста мешавад, чун забони илмӣ муаррифӣ намудаанд.

Дар ҳақиқат, забон ҳамчун воситаи муътамади омӯзиши таърих ва фарҳангу тамаддуни миллат дар инъикоси воқеияти ҳаёти ҷомеа нақши муҳим дошта, гузаштагони мо барои рушду инкишоф ва ба пояи забони расмию давлатӣ баровардани он кӯшиши зиёд ба харҷ додаанд.

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба мақоми таърихии забони тоҷикӣ ва хизмати фарзандони фарзона дар ҳифзу гиромидошти он чунин зикр намудаанд:

«Забони адабии тоҷик дар ҷараёни ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят пурфоҷиаро тай намуда, аз санҷишу имтиҳонҳои таърихӣ гузашта, ба шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ, мероси гаронбаҳо ва корномаҳои беназири фарзандони фарзонааш дар шакли зебову ноб, бо захираҳои ғаниву рангини луғоту таъбирот бароямон мерос мондааст».

Воқеан ҳам, забони тоҷикӣ тавассути осори пурғановати устоди шоирон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ пойдор гардида, умри ҷовидона касб кард. Минбаъд ин забон дар осори бузургоне чун Ҳаким Фирдавсӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Сайидои Насафӣ, Абдулқодири Бедил, Аҳмади Дониш, Нақибхони Туғрал, Тошхоҷа Асирӣ ва ҳазорон суханварони дигар ғановат ва шукӯҳу шаҳомати хоса дарёфт.

Ин нукта баёнгари он аст, ки забони тоҷикӣ бузургтарин асос, шиноснома, нишон ва ёдгори маънавиест, ки ҳамчун оинаи сарнавишти мардуми фарҳангофари мо инъикосгари гузаштаи бою рангини сарнавишти таърихии халқамон мебошад, - иброз дошт роҳбари вилоят.

Раиси вилоят инчунин таъкид кард,  ки нуфуз ва иқтидори ин забон дар асрҳои миёна на танҳо дар ҳавзаи илму фарҳанг, балки дар сиёсату давлатдорӣ низ бузург буд, зеро маҳз бо шарофати забони модариамон тамаддуни қадимтарин, таърихи пурғановату рангин, ганҷинаи гаронбаҳои адабию бадеӣ ва ахлоқӣ, суннат, расму ойин ва анъанаҳое, ки инъикосгари хусусиятҳои хоси миллат ҳастанд, то ба мо омада расидаанд.

Пешвои муаззами миллат доимо таъкид менамоянд, забон чун рукни ҷудонашавандаи маънавӣ бо ҳаёти миллати тоҷик пайванди қавӣ дошта, дар тӯли ҳастии худ чун далели раднопазири қадима будани миллати тоҷик, нигоҳдорандаи мероси бебаҳои ниёгон, пайвандгари миллат ва воситаи муошират хидмат кард ва ин рисолати муқаддаси худро дар замони истиқлол низ идома медиҳад.

Давлату Ҳукумати Тоҷикистон таҳти сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолии кишварамон, дар шароити давлатдории навин барои рушди забони миллӣ ҳамчун забони давлатӣ аз тамоми имконот истифода бурда, барои такомули минбаъдаи он тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд. Имрӯз забони тоҷикӣ на танҳо забони илм, адабиёт ва фарҳанг, балки чун забони сиёсат аз минбари  баланди Созмони Милали Муттаҳид борҳо садо дода, боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар фарди ватандӯст ва соҳибмаърифат  гардидааст.

Забони давлатӣ муҳимтарин нишонаи пойдории давлатдории миллӣ ва истиқлоли давлативу сиёсии мо дар рӯзгори пурошӯби имрӯзаи ҷаҳон ба ҳисоб рафта, ғамхориву пуштибонии доимӣ нисбат ба забони давлатӣ вазифаи ҳар як фарди бонангу номуси миллат, яъне соҳибони забон мебошад.

- Бигзор забони тоҷикӣ мояи ифтихори тамоми тоҷикону тоҷикистониён бошад ва маҳсули андешаҳои соҳибзабонони мо дар марҳилаи омодагиҳо ба таҷлили санаи фархундаи 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нуфуз ва мақоми давлат ва миллати моро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам шукӯҳманду баландтар гардонад,- гуфт дар охир Раиси вилоят.

Сипас, аз ҷониби аҳли фарҳанги вилоят барномаи рангини консертӣ намоиш дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд