Аёдати собиқадорони соҳаи маориф ба муносибати Рӯзи омӯзгорон

Имрӯз тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи Рӯзи омӯзгорон ба манзили якчанд нафар бонувони собиқадори соҳаи маориф рафта, эшонро табрик намуда, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқоти самимӣ бо собиқадорони соҳаи маорифи шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла Бифотима Самадова ва Муҳаббат Шарифхўҷаева изҳор дошт, ки корномаҳои онҳо дар саҳифаи тиллоии таърих сабт гардида, пайваста ғамхориҳои давлату Ҳукумат нисбати чунин бонувони фидокор амалӣ мегардад.

Таъкид шуд, ки ҳоло беш аз 90 фоизи кормандони соҳаи маорифи Хуҷандро бонувон ташкил медиҳанд. Дар муассисаҳои таълимии шаҳр муаллимаю мураббияҳои азиз рисолати муқаддаси омӯзгорию тарбиятгарии худро бо маҳорату малакаи воло, бо муҳаббату самимияти бепоён иҷро намуда, ба насли наврас маърифату одамият меомӯзанд.

Аёдатшудагон аз дастгириҳои доимии Сарвари давлат изҳори миннатдорӣ намуданд.

Боядқайд намуд, ки Бифотима Самадоваи 90 сола, беш аз 51 сол дар соҳаи маорифи шаҳр, аз ҷумла дар гимназияҳои №1 ва 4 меҳнати содиқона анҷом дода, бо нишонҳои олии соҳавӣ “Аълочии маорифи халқи ИҶШС”. “Муаллими халқии ИҶШС” ва “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадршиносӣ шудааст. Соҳиби 3 фарзанд ва 20 набераю 25 абера мебошад.

Муҳаббат Шарифхўҷаеваи 82 сола низ, давоми зиёда аз 50 сол дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и шаҳри Хуҷанд ҳазорҳо нафар наврасонро таълим додааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд