Аёдати собиқадорони соҳаи тандурустии вилоят

18 август дар кишвари соҳибистиқлоли мо Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҷашн гирифта мешавад. Ба муносибати иди касбии табибон имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода чанде аз собиқадорони меҳнатро аёдат намуд.

Раиси вилоят аз ҷумла ба манзили Инобат Тӯрабоева, Марҳабо Зокирова, Муҳаббат Ғиёсова ва Каромат Умарова ташриф оварда, онҳоро бо иди касбиашон табрик гуфт.

Дар суҳбат бо собиқадорон таъкид карда шуд, ки давлату Ҳукумат ҳамеша меҳнати фидокоронаи кормандони соҳаи тибро қадр мекунад. Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар панҷ соли охир ба андозаи 225,3 миллион сомонӣ афзуда, соли равон аз буҷаи вилоят ба ин соҳа 597,9 миллион сомонӣ ҷудо гардид.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат соли равон  дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мақомоти маҳаллӣ, соҳибкорону шахсони саховатманд сохтмон, таъмир ва азнавсозии 152 муассисаи соҳаи тандурустӣ бомаром идома дорад.

Чунин таваҷҷуҳ ва зиёд гардидани ҳаҷми маблағгузории соҳаи тандурустӣ, бунёди иншооти замонавии соҳа ва воридоти таҷҳизоти муосири тиббӣ дастрасии бештари аҳолиро ба хизматрасониҳои баландихтисос ва махсусгардонидашуда боз ҳам беҳтар менамояд.

Собиқадорони меҳнат аз ташрифи роҳбари вилоят изҳори хушнудӣ карда, ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро баён доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд