Форуми тиҷоратии минтақаҳои Суғд ва Қайсарӣ

18 май дар шаҳри Қайсарии Ҷумҳурии Туркия Форуми тиҷоратии соҳибкорони Суғд ва Қайсарӣ баргузор гардид.

Дар кори форум Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов, раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, масъулини Палатаи савдо ва саноати Қайсарӣ, соҳибкорони тоҷику турк иштирок намуданд.

Боздид аз корхонаҳои саноатии Қайсарии Ҷумҳурии Туркия

Дар доираи сафари худ ба Ҷумҳурии Туркия ҳайати вилояти Суғд аз якчанд корхонаҳои саноатии шаҳри Қайсарӣ боздид намуда, бо фаъолияти онҳо шинос гардид.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳамроҳонаш аз ҷумла бо фаъолияти корхонаи истеҳсоли пойафзол шинос шуданд. Раиси вилоят аснои боздид таваҷҷуҳи соҳибкорони туркро ба соҳаи саноати вилояти Суғд ҷалб намуда, таъкид кард, ки захираву имкониятҳо барои коркарди пӯсту чарм ва ташкили корхонаи пойафзолбарорӣ дар вилояти Суғд мавҷуд аст. Ӯ аз таҷрибаи ҳамкории соҳибкорони тоҷик ва Федератсияи Россия ёдоварӣ кард, ки дар ҳамкорӣ дар шаҳри Исфара корхонаи пойафзолбарорӣ бунёд карда, маҳсулоти онро содирот намуда истодаанд.

Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо Юнус Имомоғлу

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар вилояти Қайсарии Туркия бо роҳбари Минтақаи саноатии Қайсарӣ Юнус Имомоғлу мулоқот кард.

Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба густариши равобити тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва имконияти ба роҳ мондани ҳамкориҳои мустақим миёни бахши хусусии ду тараф мубодилаи афкор намуданд.

Мулоқот бо муовини волии вилояти Қайсарии Ҷумҳурии Туркия

Ҳайати вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов аз вилояти Анталия ба вилояти Қайсарӣ сафар намуд.

Дар вилояти Қайсарӣ ҳайатро муовини волии вилоят Абдуллоҳ Калкан ба ҳузур пазируфт.

Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбарони Палатаи савдо ва саноат ва Минтақаи саноатии Анталия

Дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбарони Палатаи савдо ва саноат ва Минтақаи саноатии Анталия дидору гуфтугӯҳо анҷом дод.

Зимни мулоқот роҳбари вилоят вобаста ба имкониятҳои мавҷуда дар самти сармоягузорӣ маълумот дода, ҳавасмандии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо бо сармоягузорону соҳибкорони Туркия иброз дошт.