Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

 Хабарҳо   Паёмҳо  Фармонҳо

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ

Аёдати тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ноҳияро аёдат намуда, ба онҳо либосҳои мактабӣ ва варзишиӣ туҳфа кард.

Дар суҳбат бо устодону тарбиятгирандагони муассисаи иҷтимоӣ Раиси вилоят иброз дошт, ки ятимону ниёзмандон зери таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба таълиму тарбияи онҳо аз ҷониби давлат шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

Қишри ниёзманди ҷомеа набояд худро бекас эҳсос намоянд, зеро Ҳукумати мамлакат барои дастгирии онҳо ҳамеша тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Хурдсолонро зарур аст, ки бо баҳои аъло таҳсил намуда, дар оянда соҳиби касбу ҳунар гарданд ва ба халқу давлат хизмат намоянд.

Дар Мактаб-интернати ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ 2 нафар ятими кул, 2 нафар нимятим ва 44 нафар аз оилаҳои ниёзманд ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Раиси вилоят барои таъмиру муҷаҳҳазсозии иншооти иҷтимоӣ ба масъулин супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

САНОАТ ВА ИҚТИСОДИЁТ

БЕШТАР
Миёни соҳибкорони вилоятҳои Суғд ва Ҷиззах 21 созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд

Миёни соҳибкорони вилоятҳои Суғд ва Ҷиззах 21 созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд

Аз рӯзҳое, ки марзҳои ду давлати ба ҳам дӯсту бародар – Ӯзбекистону Тоҷикистон кушода шуду барои ба дидори ҳам расидани мардуми ду кишвари солҳои сол ҳамдигарро надида мусоидат намуд, чанд сол сипарӣ гардид. Ташрифи нахустини Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, аз ҷониби...

Кишоварзӣ

БЕШТАР
Муовини Сарвазири мамлакат бо рафти корҳои саҳроӣ дар Истаравшану Деваштич шинос гардид

Муовини Сарвазири мамлакат бо рафти корҳои саҳроӣ дар Истаравшану Деваштич шинос гардид

21 июн дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода аз хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Деваштич боздид ба амал овард. Дар ин сафар...