« »

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

 Хабарҳо   Паёмҳо  Фармонҳо

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ

Ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид

26 феврали соли 2022 бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти унвони “Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат” баргузор гардид, ки дар чорабинии мазкур  раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, номояндагони сохторҳои маҳаллии кумита дар вилояти Суғд, ва гирандагони стипендияи Президентӣ аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Б.Ғафуров, Исфара, Конибодом, Мастчоҳ, Гулистон, Бустон, Истиқлол, Ҷ.Расулов ва Ашт ширкат варзиданд.

Ҳамоиши гирандагони стипендияи Президентӣ бо садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз гардид. Муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода зимни суханронии хеш гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро шодбош гуфта, аз дастгириҳои давлатии ҷавонон, хусусан дар мадди аввали сиёсати худ қарор додани сиёсати давлатии ҷавонон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардид ва доир ба дастовардҳои ҷавонон ва саҳми онҳо дар пешрафти ҷомеа ибрози андеша намуд. Ҳамзамон ҷавонони даврони соҳибистиқлолии кишварро ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва ватандӯстиву хештаншиносӣ ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки  чун пайравони асили Пешвои муаззами миллат дар рушду нумӯи кишвар бо дастовардҳои назаррас саҳмгузор бошанд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ низ дар суханронии худ аз ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ёдовар гардида, зикр доштанд, ки бо иқдомҳои ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҷиҳати ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду босавод имтиёзҳои гуногун роҳандозӣ карда шуда, яке аз ин иқдомҳо таъсиси стипендияҳои Президентӣ барои донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мебошад, ки имрӯз теъдоди онҳо 3000 ададро ташкил медиҳад.

Дар идомаи ҳамоиш аз ҷониби  раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло ва муовини Раиси вилоят Даврон Зоҳидзода дар фазои тантанавӣ ба гирандагони стипендияи Президентӣ дар соли таҳсили 2021-2022 шаҳодатномаҳо ва маблағи стипендия супорида шуд.

Дар фарҷоми ҳамоиш гирандагони стипендияи Президентӣ дар вилоят бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати миллӣ, оромиву осудагии кишвар миннатдории самимонаи хешро ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошта, таъкид намуданд, ки ҳамеша бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайравони асили Пешвои муаззами миллат хоҳанд буд ва дар рушду нумӯи кишвар саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

САНОАТ ВА ИҚТИСОДИЁТ

БЕШТАР
Мулоқоти доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Красноярск

Мулоқоти доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Красноярск

Дар доираи сафари соҳибкорони вилояти Красноярск ба вилояти Суғд бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва Палатаи савдо ва саноати Сибири марказӣ 2-юми август дар меҳмонхонаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд вохӯрии доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Красноярск баргузор гардид. Соҳибкорони вилояти...

Кишоварзӣ

БЕШТАР
Дар мавзӯи "Технологияи муосири парвариши ангур ва барқарор намудани токзорҳои куҳна" семинари вилоятӣ баргузор шуд

Дар мавзӯи "Технологияи муосири парвариши ангур ва барқарор намудани токзорҳои куҳна" семинари вилоятӣ баргузор шуд

Имрӯз дар хоҷагии деҳқонии “Дӯстӣ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва маҷлисгоҳи "Боғи миллии Ваҳдат" ба таври амаливу назариявӣ дар мавзӯи "Технологияи муосири парвариши ангур ва барқарор намудани токзорҳои куҳна" семинари илмӣ-амалии вилоятӣ баргузор гардид. Дар кори семинар Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Вазири кишоварзии мамлакат Саъдӣ...