Хабарҳо
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан озмун эълон менамояд - 29.11.2021 14:52
Имзои созишномаҳои ҳамкорӣ миёни соҳибкорони вилояти Суғд ва кишвари Красноярски ФР - 29.11.2021 14:51
Маркази матбуоти Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ хабар медиҳад - 29.11.2021 14:10
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ҷаласаи корӣ доир намуд - 29.11.2021 14:05
Public Order in Khorugh Fully Restored - 29.11.2021 13:58
Тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳри Хоруғ пурра ба эътидол оварда шуд - 29.11.2021 13:43
Ҳамватанони азиз! Бо гирифтани ваксина худ ва наздиконамонро аз бемории COVID-19 эмин нигоҳ дорем! - 29.11.2021 10:43
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд - 29.11.2021 10:34
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган мулоқот намуданд - 29.11.2021 10:31
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити 15-уми сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) дар шаҳри Ашхободи Туркманистон иштирок намуданд - 29.11.2021 10:21

Навиди Суғд


Таҷлили саду як солагии матбуоти тоҷик дар Суғд

( 2 Овоз )

                Таҷлили саду як солагии матбуоти тоҷик дар СуғдСанаи 11-уми  март дар қаламрави вилоят Рӯзи матбуот ҷашн гирифта мешавад.

Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода аз 15 феврали соли ҷорӣ, № 37 ба тасвиб расид. Дар доираи ҷашни Рӯзи  матбуот гузаронидани чорабиниҳои гуногун дар назар аст. Озмунҳои вилоятӣ барои дарёфти мукофоти Созмони журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ, мақолаи беҳтарин дар мавзӯи «Ватан, ишқи ту ифтихорам» байни журналистони ҷавон, мизи мудаввар дар мавзӯи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» аз ин қабил чорабиниҳои муҳим арзёбӣ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки нахустин рӯзнома бо забони тоҷикӣ «Бухорои Шариф» буда, он дар соли 1912 ба нашр расидааст.

Муфассал...

Қадамҳои нахустин ба сӯи ҳукумати электронӣ

( 3 Овоз )

Қадамҳои нахустин ба сӯи ҳукумати электронӣ14 феврали соли 2013 дар толори «Кохи матбуот»-и шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар дар мавзӯи «Сомонаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ – қадами нахустин ба сӯи ҳукумати электронӣ» бо иштироки намояндагони мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла котибони масъули Шӯрои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.

Мизи мудаввари мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва дар ҳамкорӣ бо Маркази технологияҳои иттилоотии «Кова», Барномаи рушди иқтисодии деҳоти Созмони Миллали Муттаҳид доир шуда, ба иштирокдорон дастури методӣ – «Лоиҳаи таҳия намудани сомонаҳои расмии мақомотҳои маҳаллӣ» тақдим гардид.

Муфассал...

Грантҳо барои занони соҳибкор

( 0 Овоз )

 Грантҳо барои занони соҳибкор

Барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон дар соли ҷорӣ 15 гранти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, аз ҷумла 5 грант дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ ва 10 грант дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ таъсис дода мешавад. Ин грантҳоро занони соҳибкор-шахсони алоҳидаи воқеии вилоят, ки лоиҳаву барномаҳояшон дар озмун ғолиб мегардад, ба даст оварда метавонанд. Дар ин бора Қарори Раиси вилояти Суғд аз 11 феврали соли ҷорӣ,№ 32 «Дар бораи таъсис додани грантҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти  Суғд оид ба фаъолияти соҳибкории занон барои соли 2013»  ба тасвиб расид.

Муфассал...

Партовҳои бесоҳиб дар вилоят ба танзим медароянд

( 0 Овоз )

Хадамоти матбуоти  Раиси вилояти Суғд Дар вилояти Суғд комиссияи доимамалкунанда оид ба масъалаҳои муомилот бо партовҳои бесоҳиб ташкил карда шуд. Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода аз 8 феврали соли 2013, № 31 «Дар бораи тасдиқ намудани тартиби муомилот бо партовҳои бесоҳиб»  ба тасвиб расид. Комиссияи мазкур бо мақсади ошкор кардани вазъи мавҷудаи партовҳое, ки дар ҳудуди воҳидҳои марзӣ-маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҷойгир шуда ба ифлосшавии муҳити зист сабаб мешаванд, таъсис ёфтааст.

Муфассал...

Семинари директорони телевизион ва радиоҳои мустақил дар Хуҷанд

( 1 Овоз )

Семинари директорони телевизион ва радиоҳои мустақил дар          ХуҷандДар Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Ассосиатсияи истеҳолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионӣ ва мусоидати молиявии Фонди канадагии ташаббусҳои маҳаллӣ барои роҳбарони телевизион ва радиоҳои мустақили кишвар семинар доир гардид.

Тавре Раиси Ассосиатсия Зинатулло Исмоилов изҳор дошт, ҳадафи чорабинии мазкур гуфтугӯи ошкоро оид ба тақдири воситаҳои электронии мустақил ҳангоми гузариш ба пахши рақамӣ аст. Аз таҷрибаи кишварҳои мухталифи олам, аз ҷумла Федератсияи Россия муовини директори Институти иқтисодиёти Федератсияи Русия Татяна Тихомирова нақл кард. Бону Тихомирова иброз дошт, ки имрӯз роҳбарони васоити электронии ахбори мустақил бояд сарнавишти минбаъдаи худро муайян созанд, ки оё ҳамчун шабакаи телевизиониву радиоӣ боқӣ мемонанд ё не. Аз ин хотир, бояд зарфияти шабакаҳои мустақил мушаххас ва нақши онҳо дар пурра намудани фазои иттилоотӣ муайян бошад.

Муфассал...

ШУМО ДАР: Навиди Суғд