Хабарҳо
Дар Хуҷанд ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ доир шуд - 23.10.2021 13:40
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Бӯстон - 22.10.2021 14:17
Ба ғолибони бистрўзаи дуюми мавсими пахтачинӣ туҳфаҳо супорида шуд - 21.10.2021 14:52
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баракат-Исфара” - 21.10.2021 14:51
Имзои беш аз 100 шартномаи нави ҳамкорӣ миёни соҳибкорони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия - 21.10.2021 13:35
Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Евгений Коренков - 20.10.2021 13:57
Маросими кушодашавии ҳафтумин Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2021" - 20.10.2021 14:06
STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan - 20.10.2021 13:58
Дар Гулистон вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд - 19.10.2021 16:06
СУҒД: Дар Форуми "Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо" беш аз 400 нафар соҳибкорону сармоягузорони дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд - 19.10.2021 15:35

Навиди Суғд


Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 14,5 млрд. сомонӣ баробар шуд

( 0 Овоз )

Давоми нуҳ моҳи соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 14,5 млрд. сомонӣ ва суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо ба 131,1 фоиз расонида шуд.

Дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона гардид. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ-сентябри соли 2021 ба миқдори 1 млн. 55,7 ҳазор тонна семент ва 1 млн. 302,3 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш мутаносибан 111,3 ва 96,7 фоизро ташкил намудааст. Ҳамзамон, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 суръати афзоиши истеҳсоли ресмони пахтагин 137,7 фоиз ва газвори пахтагини тайёр 102 фоиз таъмин гардида, дар маҷмўъ, бо назардошти эҳтиёҷоти худӣ 3 ҳазору 606,4 тонна калоба ва 5 млн. 223,6 ҳазор метри мураббаъ газвори пахтагин истеҳсол карда шудаанд. Истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ивазкунандаи воридот сол аз сол тавсеа ёфта, дар 9 моҳи соли 2021 ба миқдори 371,1 ҳазор тонна орд ва 2 млн. 803,4 тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маводи асосии сохтмонӣ аз қабили қубурҳои пластикӣ ба миқдори 989,1 ҳазор метр ё бо суръати афзоиши 119,7 фоиз, рехтаи пӯлодӣ 4 ҳазору 222,1 тонна ё 116,5 фоиз, маҳсулоти кабелӣ 587 тонна ё 166,2 фоиз, профилҳои алюминӣ барои дару тирезаҳо 4 ҳазору 296,2 тонна ё 166,2 фоиз, профилҳои металлӣ 18 ҳазору 441 тонна, профилҳои пластикӣ 1 ҳазору 103,4 тонна ё 120,2 фоиз, халтаҳои полипропиленӣ барои бандубасти маҳсулоти корхонаҳо 36,9 млн. дона ё 102 фоиз, халтаҳои полиэтиленӣ 620,2 тонна ё 120 фоиз, маҳсулоти пластмассагӣ 56,2 млн. дона ё 8,7 баробар, бомпӯши оҳанин 85,4 ҳазор метри тӯлонӣ ё 154,3 фоиз ва шишаи сохтмонӣ 10 ҳазор метри мураббаъ таъмин карда шудааст.

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 9 моҳи соли 2021 дар миқёси вилоят 95 корхонаву коргоҳҳои нав бо 794 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурўъ намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 1,3 миллиард сомониро ташкил дод

( 0 Овоз )

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2021 маҷлиси ҷамъбастӣ баргузор гардид.

Муфассал...

ЭЪЛОН: Бахшида ба Иди Меҳргон намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида мешавад

( 0 Овоз )

16 октябри соли 2021 дар майдони назди Театри мазҳакавӣ-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ Иди Меҳргон бо шукуҳи хоса таҷлил мегардад.

Дар ҷашнгоҳ деҳқонони вилоят аз навоҳии кишоварзӣ дастранҷи худ – маҳсулоти тозаи кишоварзӣ, аз қабили навъҳои гуногуни зироат, сабзавот ва меваҷотро бо нархҳои дастрас пешниҳоди сокинон менамоянд.

Бояд гуфт, ки Иди Меҳргон ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил гардида, мисли ҷашнҳои таърихии Наврӯз, Сада, Тиргон ва ғайраҳо аз қадимтарин идҳои миллии мардуми ориёинажод маҳсуб мешавад. Чуноне Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор ва айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад»

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Хуҷанд. Дар нуҳ моҳи соли равон ба маблағи 985,8 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид

( 0 Овоз )

Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар нўҳ моҳи соли 2021 ҷаласаи фаъолон баргузор гардид.

Муфассал...

Барномаи ҳафтумин Ярмаркаи байналмилалии савдо “Суғд-2021”

( 0 Овоз )

Тавре қаблан хабар дода будем, рӯзҳои 19 ва 20 октябри соли 2021 дар маркази маъмурии вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд ҳафтумин Ярмаркаи байналмилалии савдо “Суғд-2021” доир хоҳад шуд.

Дар ин чорабинии сатҳи баланд, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади муаррифии имкониятҳои иқтисодиву саноатӣ ва кишоварзиву сайёҳии вилояти Суғд, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят ва таҳкими муносибатҳо бо шарикони рушд ташкил мегардад,  масъулин ва доираҳои соҳибкории кишварҳои Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Белорус, Украина, Қирғизистон даъват шудаанд.

Тибқи барномаи кории ярмарка 19 октябр дар Кохи фарҳанги “Суғдиён” маросими кушодашавии форуми “Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо” ҷараён гирифта, давоми рӯз ҷаласаи панелӣ дар мавзӯҳои  “Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо”, “Имкониятҳо ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобила дар соҳаи саноат ва комплекси агросаноатӣ”, “Стандартҳои сифати маҳсулоти содиротӣ”, “Дурнамои рушди бахши сайёҳӣ” сурат мегирад.

20 октябр меҳмонони дохиливу хориҷӣ дар маросими ифтитоҳи ҳафтумин Ярмаркаи байналмилалии савдо “Суғд-2021” иштирок карда, бо намунаҳои маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ ва соҳаи кишоварзӣ шинос мешаванд. Давоми рӯз ташкили гуфтушунидҳои дуҷониба байни шарикон-соҳибкорону тоҷирон ва муассисону роҳбарони корхонаҳо, масъулини мақомоти давлатии кишварҳои иштироккунанда, муҳокимаи панелии “Дурнамои рушди технологияи рақамӣ” дар назар дошта шуда, бегоҳии ҳамин рӯз маросими пӯшидашавии ярмаркаи байналмилалӣ баргузор мегардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд