Хабарҳо
Суғд: Дар нуҳ моҳ ба маблағи 414,7 млн. доллар маҳсулот содирот шуд - 18.10.2021 13:47
Раиси вилоят бо намоиши эҷодиёти мусаввири шодравон Мирзофирӯз Сулаймонов ошноӣ пайдо намуд - 17.10.2021 11:45
Хуҷанд: Иди Меҳргон бо шукуҳи хоса таҷлил гардид - 16.10.2021 16:59
Ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар 9 моҳи соли 2021 - 15.10.2021 16:47
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд - 15.10.2021 16:38
Суғд: Ба маблағи 8 млрд. 698,6 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд - 15.10.2021 16:22
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 14,5 млрд. сомонӣ баробар шуд - 15.10.2021 16:21
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 1,3 миллиард сомониро ташкил дод - 15.10.2021 13:11
ЭЪЛОН: Бахшида ба Иди Меҳргон намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида мешавад - 15.10.2021 13:07
ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон - 15.10.2021 09:31

Навиди Суғд


1 октябр қабули мавод ба озмуни вилоятии «Хомаи созанда-2021» оғоз ёфт

( 0 Овоз )

Имрӯз, 1 октябр қабули мавод ба озмуни вилоятии «Хомаи созанда-2021» оғоз ёфт, ки он то 20 октябр идома меёбад.

Озмуни анъанавии “Хомаи созанда” бо мақсади муайян намудани кормандони беҳтарини расонаҳои хабарии вилоят,  инъикоси масъалаҳои ҳалталаб ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли он, сари вақт хабардор кардани ҷомеа аз раванди рушду такомули соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, шарҳу тавзеҳи воқеъбинона,  асосноки дигаргунсозӣ ва проблемаҳои дорои аҳамияти махсуси иҷтимоидошта, ҳамзамон ҷалби таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа ба масъалаҳои ҳалталаб гузаронида мешавад.

Бо қарори марбутаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода озмуни имсола бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар номинатсияҳои «Инъикоси дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар давоми 30 соли соҳибистиқлолии мамлакат)», «Масъалаҳои марбут ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Масъалаҳои марбут ба соҳаи саноат», «Масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ», “Муаррифии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ (тавассути лавҳаҳои телевизионӣ ва интернетроликҳо)” доир шуда, дар он танҳо рӯзноманигорон ва кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилоят иштирок карда метавонанд.

Иштирокчии озмун (ё гурӯҳи эҷодӣ) бояд на кам аз 5 мавод  пешниҳод намояд. Дар озмун онҳое, ки давоми сол дар як мавзӯъ силсиламавод омода кардаанд, бартарӣ хоҳанд дошт. Ҳар як рӯзноманигор ва гуруҳи эҷодӣ танҳо аз рӯи як номинатсия барои иштирок дар озмун довталабӣ карда метавонад.

Ба ғолибони озмун аз рӯи номинатсияҳои зикршуда дар бахшҳои телевизону радио, матбуот ва сомонаҳои интернетӣ аз 1500 сомонӣ то 6 ҳазор сомонӣ, дар маҷмуъ 132 000 сомонӣ супорида хоҳад шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Маросими гусели даъватшавандагон дар Ворух ва Чоркуҳ ба чорабинии идона табдил ёфт

( 0 Овоз )

Дар рўзи нахустини маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара нақшаи пешбинишуда саривақту пурра таъмин гардид.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд, дар натиҷаи роҳандозии дурусту муассири корҳои фаҳмондадиҳӣ ва мафкуравӣ аз ҷониби гуруҳҳои таблиғотию ташвиқотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолон 30 сентябр дар деҳаи баландкӯҳи Ворух ба муносибати гусели гурӯхи ҷавонони ватандӯсту  шуҷои диёр, ки ихтиёран, бо амри дилу виҷдон азми хизмати Модар - Ватан кардаанд, ҷамъомади ботантана баргузор гардид

Раиси шаҳри Исфара  Баҳоваддин Баҳодурзода бо баробари изҳори сипос ва таманниёти нек ба наваскарон, хизмат ба Ватан – Модарро рисолати фарзандӣ ва қарзи шаҳрвандӣ арзёбӣ кард ва аз таваҷҷўҳи роҳбарияти мамлакат бобати муҳайё намудани шароитҳои хуби хизмати ҳарбӣ ва зисти сарбозону афсарон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ёдовар шуд.

- Имрўз ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан нишонаи равшани эҳсоси ватандўстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи кишвар мебошад, - таъкид намуд Баҳоваддин Баҳодурзода.

Дар фарҷом ширкатдорони чорабинӣ, модарони даъватшудагон бо пайгирӣ аз анъанаҳои дерин ба аскарбачагони оянда луқмаи нон газониданд, то шаҳписаронашон хидмати Модар-Ватанро сарбаландона ба ҷо оварда, бо сари баланд ба зодгоҳашон баргарданд, мўйсафедони барнодил ба наваскарон роҳи сафед хостанд, дар адои рисолати ҷавонмардиашон бурдбориву муваффақият таманно намуданд.

Дар ин рӯз дар Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ низ бо ширкати намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, комиссариати ҳарбӣ, собиқадорон, наврасону ҷавонон ва волидони даъватшавандагон маросими гусели наваскарон ба хизмати Ватан баргузор гардид.

Ҷавонмардони асили диёрро раиси шаҳри Исфара  Баҳоваддин Баҳодурзода бо накӯтарин орзуву умедҳо сидқан муборакбод гуфта, аз онҳо даъват намуд, ки ба Ватан содиқонаву софдилона хизмат кунанд ва бо сари баланд ба назди волидони худ баргарданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Ҷамъбасти даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Илм-фурӯғи маърифат" дар Суғд

( 0 Овоз )

Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Илм-фурӯғи маърифат" ҷамъбаст ва ғолибони он муайян гардиданд.

Тибқи баҳогузориҳои ҳакамон дастаи шаҳри Хуҷанд бо ба даст овардани 29 ҷойи ифтихорӣ аз ҷумла, 8 ҷойи аввал, 11 ҷойи дуюм ва 10 ҷойи сеюм мақоми аввалро касб намуд. Дастаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ба даст овардани 16 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 3 ҷойи аввал, 6 ҷойи дуюм ва 7 ҷойи сеюм мақоми дуюм ва дастаи шаҳри Исфара бо ба даст овардани 9 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 2 ҷойи аввал, 5 ҷойи дуюм ва 2 ҷойи сеюм мақоми сеюмро ишғол намуданд.

Дар умум 79 нафар ғолибони озмун, аз ҷумла 15 ҷойи аввал, 30 ҷойи дуюм ва 34 ҷойи сеюм аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимӣ, донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ, омӯзгорон ва намояндагони касбу кори гуногун(танҳо аз бахши ихтироъкорӣ ва навоварӣ) аз бахшҳои физика, химия, технологияи иттилоотӣ, математика, география, биология ва ихтироъкорию навоварӣ муайян гардида, ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд.

Дар умум ғолибон аз 15 шаҳру ноҳияҳои вилоят буда, дар панҷгонаи беҳтарин дастаҳои шаҳру ноҳияҳои Панҷакент(4 ҷойи ифтихорӣ) ва Деваштич(4 ҷойи ифтихорӣ) низ шомил гардиданд.

Лозим ба таъкид аст, ки даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Илм-фурӯғи маърифат" санаҳои 22-24 сентябри соли 2021 бо иштироки 878 довталаб аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят дар Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Бӯстон баргузор гардид.

Барои ҷамъбаст ва назорати рафти баргузории даври вилоятии озмун тибқи дастури Раиси Кумитаи тадорукоти даври ҷумҳуриявии озмун - Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сатториён Матлубахон Амонзода аз Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 нафар ҳайяти ҳакамон ҷалб карда шуда буданд, ки онҳо дар бахшҳо раёсати ҳакамони озмунро ба ӯҳда доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Дар вилояти Суғд ҷамъоварии шолӣ оғоз ёфт

( 0 Овоз )

Дар вилояти Суғд ҷамъоварии шолӣ, ки яке аз зироати озуқаворӣ ба ҳисоб меравад, оғоз ёфт.

Парвариши шолӣ асосан дар шаҳру навоҳии Исфара, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ба роҳ монда шудааст. Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров яке аз ноҳияҳои калони шоликор ба ҳисоб рафта, майдони кишти он сол ба сол зиёд мешавад. Дар ин ноҳия алҳол маъракаи дарави шолӣ оғоз ёфта, тибқи пешгӯии масъулон бояд аз ҳар як гектар то 50 сентнерӣ ҳосил рӯёнида шавад.

Боиси зикр аст, ки соли 2020 дар миқёси вилоят дар майдони 9 ҳазору 883 гектар шолӣ кишт шуда бошад, ин рақам соли равон ба 9 ҳазору 908 гектар баробар шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 25 гектар зиёд мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Кӯчае дар ноҳияи Деваштич ба номи Ҷасур Сиярқулов гузошта шуд

( 0 Овоз )

Яке аз кӯчаҳои деҳаи Қалъачаи Азими Ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич ба номи фарзанди шуҷои Ватан, дорандаи ордени Спитамен дараҷаи 2 Ҷасур Суярқулов гузошта шуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ Ҷасур Суярқулов ҳамчун хизматчии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши ҳифзи суботу оромии Ватан ва амнияти давлату ҷомеаи кишвар истода, баҳри ҳифзи марзу буми давлат ва зиндагии осоиштаи мардуми кишвар қаҳрамонии бемисл нишон дод. Корнамоии ӯ намунаи ибрат барои насли наврас буда, баҳри боло бурдани ғурури миллӣ, ҳисси меҳанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ хизмат хоҳад намуд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷасур Суярқулов баъди ҷоннисориаш бо ордени Спитамен дараҷаи 2 сарфароз гардонида шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд