Хабарҳо
Суғд: Дар нуҳ моҳ ба маблағи 414,7 млн. доллар маҳсулот содирот шуд - 18.10.2021 13:47
Раиси вилоят бо намоиши эҷодиёти мусаввири шодравон Мирзофирӯз Сулаймонов ошноӣ пайдо намуд - 17.10.2021 11:45
Хуҷанд: Иди Меҳргон бо шукуҳи хоса таҷлил гардид - 16.10.2021 16:59
Ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар 9 моҳи соли 2021 - 15.10.2021 16:47
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд - 15.10.2021 16:38
Суғд: Ба маблағи 8 млрд. 698,6 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд - 15.10.2021 16:22
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 14,5 млрд. сомонӣ баробар шуд - 15.10.2021 16:21
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 1,3 миллиард сомониро ташкил дод - 15.10.2021 13:11
ЭЪЛОН: Бахшида ба Иди Меҳргон намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида мешавад - 15.10.2021 13:07
ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон - 15.10.2021 09:31

Навиди Суғд


Дар ноҳияи Деваштич бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №59 ба истифода дода шуд

( 0 Овоз )

5-уми октябри соли 2021 бо иштироки раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода ва Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюки Мияшита дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами  №59-и деҳаи Сурхобчаи Ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштич 8 синфхонаи иловагӣ ба истифода дода шуд.

Бунёди синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59-и деҳаи Сурхобча дар асоси Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба роҳ монда шуд. Бино аз 8 синфхонаи иловагӣ ва 2 хонаи омӯзгорон иборат буда, барои 400 нафар хонанда пешбинӣ шудааст.

Бинои иловагии таълимӣ бо харҷи 91 ҳазор доллари амрикоӣ сохта шуда, дар бунёди он мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич низ саҳми худро гузошта, аз буҷаи маҳаллӣ 400 ҳазор сомонӣ маблағ равона намудааст.

Бояд қайд намуд, ки соли ҷорӣ дар қатори дигар иншоотҳои ҷашнӣ дар ноҳия биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ, тарбиявӣ, иншоотҳои соҳаи варзиш, бо истифода аз тамоми имкониятҳо, аз ҳисоби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ҷалби ташкилотҳои байналхалқӣ, соҳибкорони маҳаллӣ ва тариқи ҳашари умумӣ дар назди якчанд муассисаҳои таълимӣ синфхонаҳои иловагӣ бунёд гардида, мавриди истифода қарор дода шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

БДА: Ҳангоми маҳдуд шудани ҳаракат дар баъзе роҳҳо аз роҳҳои ҳамшафат истифода баред

( 0 Овоз )

Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки бо назардошти сафари кории Сарвари давлат ба вилояти Суғд ҳаракати воситаҳои нақлиёт ба тартиби зер маҳдуд карда мешавад:

7 октябр кучаҳои марказии шаҳри Бӯстон, шоҳроҳи Ғафуров — Хуҷанд, кучаҳои ҷамоатҳои Зарзамин ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, роҳи Деҳмой — Конибодом аз гардиши ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров то пули шаҳраки Ғафуров, кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон;

8 октябр кучаҳои марказии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи Ғафуров-Хуҷанд, кучаҳои ба номи И.Сомонӣ, А.Шукуҳӣ то ҷамоати Ёва, шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе аз ҳудуди ноҳияи Спитамен то ҷамоати Ёва, кучаҳои ба номи К.Хуҷандӣ, Р.Ҷалил, Сирдарё, роҳи маҳаллаи 28, чорроҳоаи Чашма ва кучаҳои марказии шаҳри Бӯстон.

Аз ин лиҳоз, аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ҳангоми маҳдуд шудани ҳаракат дар мавзеъҳои зикршуда ҳаракати худро тариқи кучаҳои ҳамшафат идома диҳанд.

Дар Истаравшан Рӯзи забони давлатиро ҷашн гирифтанд

( 0 Овоз )

5 октябри соли равон дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Муфассал...

Ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши идона доир гардид

( 0 Овоз )

4 октябри соли равон дар Қасри фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Деваштич бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон чорабинӣ доир шуд.

Дар чорабинии мазкур муовинони раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзу ҳуқуқ, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо  ва омӯзгорону хонандагон иштирок намуданд.

Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода сокинони ноҳия ва маорифчиёнро ба муносибати фарорасии Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон табрик намуда, қайд кард, ки ҳастии ҳар як халқу миллат ба забони ӯ марбут аст ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки забони модарии хешро гиромӣ дорад. Дар ин росто нақши омӯзгорон дар покизаву беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ назаррас буда, омӯзгорон дар замири ҳар як наврасу ҷавон меҳру муҳаббат ба забони модариро тақвият мебахшанд.

Дар чорабинӣ ба як қатор омӯзгорон Ифтихорномаи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Сипосномаи Раёсати маорифи вилояти Суғд, Ифтихорномаи шуъбаи маорифи ноҳия ва Ифтихорномаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи ноҳия бо тантана супорида  шуд.

Дар охир барои болидахотирии иштирокчиёни чорабини барномаи ҷалби фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар Исфара

( 0 Овоз )

Имрӯз бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри фарҳанги шаҳри Исфара чорабинӣ доир гардид.

Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода тамоми соҳибзабонон ва сокинони Исфараро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки онҳо хушбахтиву некрӯзӣ ва дар роҳи пурифтихори ватандӯстиву ватандорӣ азму иродаи қавӣ орзу намуд.

Дар маърӯзаи раиси шаҳр аз ҷумла гуфта шуд, ки "Забон баёнгари сарнавишти таърихии халқи тоҷик буда, бо истиқлолияти Ватани мо пайванди ҷовидонӣ пайдо кардааст. Имрӯзҳо дар раванди ҷаҳонишавӣ ҳар шаҳрванди соҳибдилро мебояд, ки забону фарҳанги худро ҳамчун неъмати бузург эҳтиёт карда, онро аз таъсиру таҳдидҳои беруна эмин нигоҳ дорад.

Сарбаландии мо, мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз он сарчашма мегирад, ки соҳиби забонем, ки ба он соли 1989 мақоми давлатӣ бахшидем. Ифтихори миллӣ, Ватану ватандорӣ аз волоияти мақоми забон ва поку бегазанд нигоҳ доштани он сар мешавад. Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикист, ки он барои ҳар сокини ин кишвари соҳибтамаддун азизу гиромӣ гаштааст. Забони тоҷикӣ ҳамчун омили муҳимми пойдории миллат ва давлатдории миллӣ аз ҷониби давлат ҳимоя ва нигаҳдорӣ мешавад».

Қисмати дигари ҳамоиши гиромидошти забони давлатӣ аз баромадҳои  ровиёну  санъаткорон, ки  Ватану Истиқлолият ва забони зебову равони тоҷикиро тараннум мекарданд, иборат буд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд