Хабарҳо
Суғд: Дар нуҳ моҳ ба маблағи 414,7 млн. доллар маҳсулот содирот шуд - 18.10.2021 13:47
Раиси вилоят бо намоиши эҷодиёти мусаввири шодравон Мирзофирӯз Сулаймонов ошноӣ пайдо намуд - 17.10.2021 11:45
Хуҷанд: Иди Меҳргон бо шукуҳи хоса таҷлил гардид - 16.10.2021 16:59
Ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар 9 моҳи соли 2021 - 15.10.2021 16:47
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд - 15.10.2021 16:38
Суғд: Ба маблағи 8 млрд. 698,6 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд - 15.10.2021 16:22
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 14,5 млрд. сомонӣ баробар шуд - 15.10.2021 16:21
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 1,3 миллиард сомониро ташкил дод - 15.10.2021 13:11
ЭЪЛОН: Бахшида ба Иди Меҳргон намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида мешавад - 15.10.2021 13:07
ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон - 15.10.2021 09:31

Навиди Суғд


Дар Донишкадаи политехникӣ таҳти унвони «30-соли ҳамбастагии ҷавонон бо Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

( 0 Овоз )

Дар толори Донишкадаи политехники Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ ҳамоиши ҷавонон  таҳти унвони «30-соли ҳамбастагии ҷавонон бо Пешвои миллат»  баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур намояндагони касбу кори гуногун, ҷавонони муваффақ, варзишгарони бомаҳорат, ғолибони озмунҳои шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ, олимону муҳаққиқони ҷавон ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Нахуст раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, мудири бахши ҷавонон ва варзиши шаҳр Абдувосит Ғафуров баромад намуда, зикр кард, ки воқеан ҳам ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон аз рўзҳои аввали фаъолияти  худ тавонист мавқеи устувори  ҷавонони худогоҳу худшиноси кишварро барои дастгирӣ аз сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ ва мутаҳҳид намояд.

Зикр гардид, ки ки рост омадани 30 – юмин солгарди таъсисёбии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба соли барои тамоми мардуми кишварамон мубораку муқаддас ҷашни фархундаи миллӣ 30 – юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан фоли нек арзёбӣ гардида, таъсисёбии иттифоқ шаҳодати бевоситаи дастовард ва самараи даврони соҳибистиқлолии ватани маҳбубамон маҳсуб меёбад.

Мусаллам аст, ки Истиқлолият рукни муҳим ва меҳварии давлатдорӣ ва давлатсозии навини мо буда, ҳифзу гиромидошти ин неъмати бебаҳо ба ҳайси арзиши муҳими умумимиллӣ ва давлатӣ ҳамчунин бо кору фаъолияти созандаи ҷавонони бофарҳангу соҳибирода, хештаншиносу ватандўст иртиботи қавӣ дорад. Аз ин рў, масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон дар маркази диққати ҳамешагии Ҳукумати мамлакат қарор гирифта, барои пуштибонӣ ва дастгирии иқдомоти бунёдкоронаи ҷавонони кишвар аз ҷониби давлату ҳукумат тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд.

Баҳри амалӣ гардонидани ҳадафҳои пешбининамудаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар самти роҳандозӣ намудани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои конститутсионии ҷавонони кишвар, ҷалби бештар ба ҷараёни демократикунонӣ, мусоидат дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати мутараққии ҳуқуқбунёд истифодаи васеи нерӯи созанда ба манфиати рушди давлат ва ҷомеа муваффақу комёб мегарданд.

Ҳамчунин роҳбари намояндагии филиал дар Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ Ҷамшед Масаидов, ҷавонони фаъол Бобоев Мўҳсин ва Воҳидов Фаррух баромад намуданд.

Дар анҷоми чорабинӣ ба як қатор ҷавонони фаъол Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Рӯзҳои 19 ва 20 октябр Ярмаркаи VII байналмилалии савдо “Суғд-2021” гузаронида мешавад

( 0 Овоз )

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд рӯзҳои 19 ва 20 октябр дар шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи VII байналмилалии савдо “Суғд-2021” гузаронида мешавад.

Ярмаркаи VII байналмилалии савдо “Суғд-2021” бо мақсади рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани нерӯи содиротӣ ва ҷалби сармоягузориву воридоти технологияҳои муосир, тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва бисрёҷониба бо кишварҳои гуногуни олам ва шарикони рушд гузаронида шуда, дар доираи он ташкили форумҳои тиҷоратию сармоягузорӣ, конфронсҳо ва намоиши молу маҳсулоти соҳибкорони тоҷику хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар назар аст, ки дар ин ҳамоиши тиҷоратии минтақавӣ шарикони рушд, аз ҷумла соҳибкорон аз кишварҳои муштаракулманофеъ иштирок намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Тоҷибой Султонӣ дар озмуни ҷумҳуриявӣ ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур соҳиби ҷоизаи махсус шуд

( 0 Овоз )

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон– рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур озмун эълон намуда буд. Дар ин озмун, ки олимону адибон, публитсистону журналистон иштироки фаъол доштанд, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ низ ширкат варзида, бо ҷоизаи махсус сарфароз гардонида шуд. Ҳоло мақолаи доктори илмҳои филологӣ Тоҷибой Султониро бо номи «МУБОРИЗИ ҶОНФИДО. ТАЪРИХ НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУРРО ФАРОМӮШ НАХОҲАД КАРД» пешниҳоди хонандагон мекунем:

Мо дар шахсияти фарзандони фарзонаи миллатамон, ба мисли Шириншоҳ Шоҳтемур ва ҳамсафони ӯ, фарзандони фидоӣ, муборизони ҳақиқии Ватан, озодӣ, Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди ҳамаҷонибаи сарзамини бостониамонро мебинем.

Эмомалӣ РАҲМОН

Шириншоҳ Шоҳтемур аз ҷумлаи он шахсиятҳои сиёсӣ ва ходимони давлатии Тоҷикистон аст, ки дар солҳои аввали таъсисёбӣ ва ташаккули давлатдории навини тоҷикон дар қатори чеҳраҳои ватандӯсту сарсупурдаи миллат, аз ҷумла Нусратулло Махсум, Чинор Имомов, Абдуқодир Муҳиддинов, Абдураҳим Ҳоҷибоев, барои пойдорӣ ва барқарор сохтани давлати миллӣ талошҳои бесобиқа намудааст. Агарчи дар бораи ин шахсиятҳо ва нафарони дигари гирифтори таъқиботи сиёсии соли 37 - уми асри гузашта, яъне муборизон - барқароркунандагони ҳокимияти шӯравӣ дар Тоҷикистон осори илмию таърихӣ, публитсистӣ ва бадеӣ навишта шудаанд, вале ҳамоно дар ин замина саҳифаҳои нокушода низ зиёданд.

Имрӯз мавриди омӯзиш қарор додани корнома ва сарнавишти талху фоҷиабори фарзандони муборизу ҷонфидои тоҷик, ки дар солҳои аввали давлати шӯравӣ бо баҳонаю сабабҳои гуногун «душмани халқ» гардида буданд, барои бедор намудани эҳсоси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳии аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонону наврасон, бисёр муҳим мебошад. Аз ин лиҳоз, иқдоми эълон намудани озмун дар мавриди мақому ҷойгоҳи Шириншоҳ Шоҳтемур дар таърихи давлатдории тоҷикон, ки аз тарафи роҳбарият ва ҳайати эҷодии Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият» роҳандозӣ гардидааст, шоистаи таҳсин буда, бояд чунин иқдом барои шинохти бештари чеҳраҳои хизматнишондодаи кишвар минбаъд низ идома бахшида шавад.

Мо бояд аз он шукргузор бошем, ки маҳз ба туфайли сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хизматҳои таърихӣ ва мондагори Шириншоҳ Шоҳтемур ва ҳамсафони ӯ баҳои воқеӣ дода шуд. Ҳарчанд нимаи дуюми солҳои 50-уми асри бист ва пас аз маърӯзаи таърихии Н.С. Хрушев дар Съезди ХХ Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар он масъалаи шахспарастии Сталин ва оқибатҳои он баррасӣ шуда, баъдан аз номи бисёре аз фарзандони бегуноҳи дар солҳои ба истилоҳ «террори сталинӣ» доғи «душмани халқ» будан бардошта шуд, вале дар замони Истиқлоли давлатӣ бо назардошти хизматҳои арзанда ва саҳм гузоштан дар поягузории давлати миллӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Шириншоҳ Шоҳтемур дода шудани унвони баланди Қаҳрамони Тоҷикистон на танҳо ба ин шахсияти бузург умри дубора бахшида, балки номи ӯро дар таърихи миллати тоҷик абадӣ гардонд.

Шириншоҳ Шоҳтемур чун аксари ҳамандешону ҳамсафони худ бо ҷаҳонбинии сиёсӣ ва донишу малакаи бузурги худ метавонист дар рушду шукуфоӣ ва пешравии минбаъдаи давлати ҷавони Тоҷикистон нақши бузург гузорад, зеро ӯ аз ибтидои ташаккули давлату давлатдорӣ ва масъалагузориҳои он огоҳ буда, ба шаҳодати маъхазҳои таърихӣ, аз ҷумла китоби «Шириншо Шотемур»-и А.В. Макашов ва В.А. Руднитский аз соли 1925 то замони ба ҳабс гирифта шудан (1937) аъзои Кумитаи Иҷроияи марказии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Мутаассифона, туҳмату буҳтони душманони миллат ва сиёсати нодурусти замон беҳтарин фарзандони диловари миллатро, ки барои озодӣ ва истиқлоли кишвар бархоста буданд, аз байн бурд, ки дар ин миён номи Шириншоҳ Шоҳтемур низ қарор дорад.

Бешак, саҳифаҳои ҳаёти ин муборизони адолатпарварро варақ зада пеши назари хонанда бисёр масъалаҳои мураккабу пурпечутоб ҷилва мекунад, ки дурусту саҳеҳ ҳал кардани он агар аз як тараф ба ақлу заковати модарзоди инсон вобаста бошад, аз ҷониби дигар бо мафҳумҳои шуҷоату мардонагӣ, ватандӯстӣ, соҳиби ифтихори миллӣ будан ва дурандешию ояндабинии онон гиреҳ мехӯрад. Ш. Шоҳтемур, ки дар оилаи деҳқони камбағали поршневӣ ба дунё омада, замони кӯдакӣ аз парасторони худ ятим монда буд, азобу машаққати зиндагиро паси сар намуда, дар мактаби зиндагӣ обутоб дида, соҳиби андешаи мустақил ва муҳимтарин хислатҳои неки инсонӣ гардидааст. Агар ба саҳифаҳои таърихи зиндагии ин абармарди таърих нигарем, дар айёми наврасӣ ҳамчун батрак дар хоҷагии сардори отряди сарҳадчиён кор кардани ӯ, сипас ба маркази генерал - губернатори ҳамонвақтаи Туркистон – шаҳри Тошканд рафтан, ошноӣ бо намояндагони синфи коргари Россия, идомаи фаъолият дар заводҳои шаҳри Тошканд ва дар роҳи оҳан имкон доданд, ки ӯ ҳамчун шахсияти аз вазъи замон огоҳ, матинирода ва ботаҷриба зина ба зина ташаккул ёбад. Дар ин муддат Шоҳтемур шоҳиди бевоситаи дигаргуниҳои сиёсию иҷтимоӣ гардида, бо барпокунандагони ҳаёти нав, аз ҷумла бо андеша ва мақсаду мароми онон аз наздик ошно гардида, ҷаҳонбинии худро васеъ намуд, ки ин авомил дар фаъолияти ояндаи ӯ барои ташкил кардан ва тараққӣ додани Тоҷикистон заминаи муҳим гузоштааст.

Дар арафаи инқилоби болшевикӣ Шириншоҳ Шоҳтемур дар семинарияи муаллимтайёркунии шаҳри Тошканд таҳсил карда, айёми таътил дар омода намудани мактабҳо, таъмини онҳо бо муаллимон, китобҳои дарсӣ ва дигар васоити таълимӣ фаъолона ширкат менамуд. Дар ин давра ӯ худро ҳамчун ташкилотчии моҳир ва роҳбари ботаҷриба нишон дода, сазовори боварии Комиссариати маорифи халқи Ҷумҳурии Туркистон мегардад. Худи ҳамон сол номзадии ӯ барои қабул шудан ба сафи ҳизб пешниҳод шуда, аз соли 1921 бо тавсияи аъзои фаъолу номдор узви Ҳизби Коммунист мегардад. Дар ин давра дар Осиёи Миёна ҳаракати босмачигарӣ идома дошт ва гурӯҳҳои ҷудоихоҳ ба хоҷагиҳои навташкили давлати шӯравӣ зарбаҳои харобиовар мезаданд ва имкон намедоданд, ки онҳо дар таъмини мамлакат бо ғалла ва анвои дигари маҳсулот саҳм гузоранд. Зарур буд, ки аз ҳисоби фаъолону шахсони ботаҷриба ба минтақаҳои гуногун гурӯҳҳо фиристода шаванд ва дар кори ҷамъоварии ғалла мусоидат намоянд. Бо ин мақсад, моҳҳои май - июли соли 1921 Шириншоҳ барои бо озуқа таъмин намудани аҳолии Тоҷикистон дар қатори 500 нафар донишҷӯёни ба истилоҳ “пролетарӣ” дар ибтидо ба вилояти Фарғона ва сипас ба уезди Хуҷанд, аниқтараш ба Дилварзин фиристода мешавад. Вай ин супориши ҳизбро бо сарбаландӣ иҷро намуд ва он барои рушду такомул ва фаъолияти минбаъдааш заминаи қавӣ гардид. Минбаъд бо супориши ҳизб Шириншоҳ дар кори пойдор намудани ташкилотҳои ҳизбӣ, ташкилу таҳкими давлати шӯравӣ дар Помир ва дигар минтақаҳои кишвари азизамон фаъолона иштирок менамояд.

Бояд гуфт, ки хизматҳои Шириншоҳ Шоҳтемур ва дигар ҳамсафони ӯро метавон дар чанд замина, аз ҷумла дар барқарор намудани тарзи ҳаёти нав ва тарғибу ташвиқи тарзи нави зиндагӣ, соҳиби саводу маърифат намудани аҳолӣ, мубориза барои дуруст амалӣ намудани тақсимоти ҳудудӣ-миллӣ, мубориза бар муқобили пантуркистон ва миллатчиён, талошҳои бесобиқа барои бунёд ва таҳкими давлатдории миллии тоҷикон ва ғайра мавриди омӯзишу баҳрабардорӣ қарор дод. Зеро заҳмату талош, ҷасорат ва корномаҳои Шириншоҳ Шоҳтемур ва дигар фарзандони барӯманди тоҷик буд, ки дар ибтидо Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии мухтор дар ҳайати Ӯзбекистон ва сипас дар ҳайати давлати шӯравӣ ҳамчун ҷумҳурии мустақил арзи ҳастӣ намуд.

Имрӯз мо тоҷикон бояд аз он ифтихор намоем, ки новобаста аз мушкилоти зиёди иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар натиҷаи талошҳои фарзандони барӯманди Ватан ҳақиқати таърихӣ барқарор гардида, соҳиби давлати миллӣ гардидем. Чунонки Пешвои муаззами миллат таъкид менамоянд: “Шириншоҳ Шоҳтемур ва ҳамсафони ӯ дар ҷараёни фаъолияти хеле кӯтоҳашон тавонистанд заминаи асосии ташаккули ҳаёти навро гузошта, ҳуқуқи таърихии тоҷиконро барои таъсиси давлати миллӣ ҳимоя намоянд”.

Тоҷибой СУЛТОНӢ,

мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита

бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд

Ифтитоҳи бинои нави Донишкадаи иқтисод ва савдо дар шаҳри Хуҷанд

( 1 Овоз )

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва таҷлили бошукӯҳи ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави таълимии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Дар ифтитоҳи бинои мазкур вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, муовини раиси раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот Раҳмонализода Хуршед Раҳмоналӣ, ректорони муассисаҳои олии кишвар, кормандони васоити ахбори умум иштирок намуданд. Бо буридани лентаи рамзӣ меҳмонон вориди ошхонаи муассиса гардида, дар гирди дастархони идона бо донишҷӯёни ятим, маъюб ва камбизоат суҳбати самимӣ оростанд. Вазири  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ва муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ба 17 нафар ятимону маъюбон туҳфаҳои хотиравию арзишманди Пешвои миллатро тақдим намуда, зикр намуд, ки ин табақаи ниёзманди ҷомеа ҳамеша зери ғамхорию пуштибонии Ҳукумати кишвар ва Пешвои муаззами миллат қарор доранд.

Боиси зикр аст,  ки дар даврони соҳибистиқлоли кишвар муассисаҳои олии касбӣ таъсис дода шуда, фаъолияти хешро босамар пеш мебаранд, ки аз ҷумлаи онҳо Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд» ба шумор меравад. Донишкадаи мазкур, ки муассиси он Иттифоқи Тоҷикматлубот аст, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №59 аз 12 феврали соли 2010 таъсис дода шудааст. Донишкада фаъолияти худро бо мақсади иҷрои амалии нуктаҳои асосии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси дар бозори ҷаҳонии меҳнат рақобатпазир ба роҳ мондааст.

Дар ҳақиқат донишкада зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвар аст ва дар баробари дастовардҳои таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ бахшида ба ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот дар маҳаллаи Пахтакори шаҳри Хуҷанд таҷдид ва таъмири бинои нави таълимӣ ба роҳ монда шуда, корҳои сохтмонӣ ва азнавсозӣ дар сатҳи баланд ба анҷом расиданд.

Бинои мазкур тибқи нақша, дар масоҳати 3561 метри мураббаъ доман густурда, аз 4 ошёна ва 35 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла, утоқҳои лингофонӣ ва компютерӣ, утоқҳои кориву ёрирасон, маҷлисгоҳ, толори конференсия, китобхонаи электронӣ ва анъанавӣ, озмоишгоҳҳои молшиносӣ ва ташхиси сифати молҳои истеъмолӣ ва криминалистика, Парки технологӣ, ошхона, толори фитнесс мебошад ва барои 850 нафар донишҷӯ пешбинӣ гардидааст. Ҳудуди бино, роҳравҳо ва синфхонаҳо бо камераҳои мушоҳидавӣ, инчунин бо Wi-Fi муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Бинои таълимӣ дорои буғхона буда, дар фасли зимистон имконияти бо ангишт гарм нигоҳ доштани тамоми ҳуҷраҳоро дорад. Гирду атрофи бино бо дарахтони сояафкану ороишӣ ва гулҳои рангоранг зебо гардонида шудааст. Ҳамчунин саҳн ва роҳравҳои бинои таълимӣ сафолакпӯш гардида, чароғакҳои равшанидиҳанда ва нишастгоҳҳо насб шудааст. Бинои мазкур бо тарҳи замонавӣ таъмиру таҷдид гардида, дар он асосан масолеҳи сохтмонии баландсифати истеҳсоли ватанӣ истифода бурда шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Ифтитоҳи бинои муассиаси таълимии рақами 37 дар Мастчоҳ

( 0 Овоз )

7 октябри соли ҷорӣ дар деҳаи Раҳмонободи Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таълимии №37 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар маросими баистифодадиҳии иншоот намояндагони Вазорати маориф ва илм ва роҳбарияти ноҳия иштирок намуданд.

Муассисаи таълимии мазкур 2 ошёна буда, барои 175 нафар хонанда дар як баст сохта шудааст ва 20 нафар омӯзгори ботаҷриба ба таълимгирандагон дарс мегӯянд. Инчунин, муассиса аз  6 синфхонаи таълимӣ, синфхонаи компютерӣ, ҳуҷраи кории директор ва ҳуҷраи муаллимон иборат мебошад.

Сохтмони иншооти мазкур аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шуда, фармоишгар раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, лоиҳаи иншоот аз ҷониби ташкилоти лоиҳакашии ҶДММ «Тоҷиклоиҳа-Инвест» таҳия ва корҳои сохтмонӣ  аз ҷониби ташкилоти пудратии ҶДММ «Сохтмон» иҷро гардидаанд.

Ҳамчунин, муассиса бо технологияҳои нави замонавӣ, 12 адад компютер, 1 адад видеопроектор ва 2 адад принтер таъмин мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд