Қарори нави Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расид

( 0 Овоз )

Қарори  навбатии Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода таҳти №05 аз 14.01.2013   дар бораи  амалӣ намудани нақша-чорабиниҳои «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» дар вилояти Суғд ба тасвиб расид.
Нақша-чорабиниҳои мазкур аз 5 бахш- ташаккули маърифати маънавию сиёсӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон, рушди имконоти иҷтимоӣ ва мусоидат ба мустақилияти  иқтисодии ҷавонон, рушди саломатии ҷавонон, мусоидат ба таълими муассир ва дастгирии эҷодиёти ҷавонон, рушди ҷанбаҳои илмию методӣ ва иттилоотии сиёсати  давлатии ҷавононро фарогир буда, ба Сарраёсати  молияи вилоят супорида шуд, ки ҳангоми таҳияи буҷети маҳаллӣ барои солҳои 2013-2015 ҷиҳати татбиқи он 572 ҳазор сомонӣ  маблағ пешбинӣ намояд.
Раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят дар асоси ин нақша-чорабиниҳо мутаносибан дар сатҳи маҳал нақша-чорабиниҳои худро таҳия намуда, ҷиҳати маблағгузории он тадбирҳо меандешанд.
Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси вилоят Ҷ.Сангинов ва  муовини Раиси вилоят Ҷ.Норинов  вогузор ва барои тасдиқ ба иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи вилоят  пешниҳод карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд