Нависанда ва публисисти тавоно

( 0 Овоз )

Дар шӯъбаҳои хизматрасонии китобхона бахшида 75-солагии нависандаи маъруф Дадоҷон Раҷабӣ таҳти унвони «Нависанда ва публисисти тавоно» сӯҳбат бо хонандагон синфи 9 МТУ №11 ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки ба китобхона ташриф оварда буданд, баргузор гардид. Зимни сӯҳбат дар бораи фаъолият ва эҷодиёти нависандагии соҳибҷашн сардори шӯъбаи бачагона Моҳинисо Ҷӯраева ба хонандагон маълумот дод. Ҳамчунин хулосаи китобшиносӣ, ки фарогири осори нависандаи марҳум Дадоҷон Раҷабӣ, аз ҷумла, «Модари нав», «Алам», «Вақте ки барф меборид», «Лӯъбат ва Ҳофиз», «Дар миёни чор дарё» буд, пешкаши хонандагон гашт. Ба ин муносибат дар толори хониши китобхона намоиши кушоди китобӣ-матбуотӣ доир карда шуд.
Ҳамчунин мақолаҳои роҷеъ ба фаъолияти эҷодӣ ва ҳунари нависандагии соҳибҷашн, ки дар матбуоти даврӣ ба нашр расидаанд, ба маърази тамошо гузошта шуд.