Мутахассисони беҳтарини соли 2012

( 0 Овоз )

Бо қарори Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода  №01 аз 9 январи соли 2013 рӯихати ғолибони озмуни «Мутахасиси беҳтарини сол» тасдиқ гардид.
Унвони бинокори сол ба Маҳмуд Набиев –муҳандиси сифати ҶДММ «Евростройсервис»-и шаҳри Хуҷанд , бонкири сол- Фарзин Азимов, намояндаи БТ «Эсхата» дар ноҳия Ҷ.Расулов, варзишгари сол- Мирхолиқ Бобоев, дастпарвари мактаби варзишии вилоятии бачагону наврасон, духтури сол- Аюб Бобозода, табиб-ревматологи МС №1 шаҳри Конибодом, Донишҷуи сол- Наргис Маҳкамова аз ДП ДДТТ, энергетики сол- Файзулло Авезов аз НБО «Дӯстии халқҳо», шаҳри Қайроққум, иқтисоддони сол- Озиф Халлоқов-мудири шӯъбаи иқтисод ва савдои шаҳри Исфара, кишоварзи сол- Абдулҳақ Муфтоев-роҳбари хоҷагии деҳқонӣ аз ноҳияи Ашт,  меъмори сол – Аюбҷон Раҳматов , сармеъмори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, муаллими сол – Фъзам Адҳамов, омӯзгори литсеи №1-и шаҳри Истаравшан, мироби сол- Умаралӣ Муҳаммадиев, корманди ИХО ноҳияи Ғончӣ, нозири минтақавии сол- Ғайратҷон Сангинов аз ШКД ноҳияи Б.Ғафуров, олими сол- Фаттоҳ Азизов, устоди ДДХ,доктори илмҳои иқтисодӣ,  хизматчии давлатии маъмурии сол- Шоира Қосимова, муовини раиси ҷамоати Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров,  роҳсози сол- Фаридун Мӯъминов, сарвари МДНРА шаҳри Панҷакент, рӯзноманигори сол- Сайфулло Маҳкамов- рӯзномаи «Корвони умед», саноатчии сол- Ҳусейн Ҷӯраев аз корхонаи « Фон-Яғноб», ноҳияи Айнӣ, соҳибкорони сол- Абдулатиф Раҳмонов аз корхонаи «Молочная радост»-и ноҳияи Б.Ғафуров ва  ва азир Ҳасанов аз корхонаи СИ «Раҳимов» аз шаҳри Хуҷанд, унвони ҳунарманди сол ба Салима Каримова аз маркази ҳунарҳои миллии «Баҳор»-и шаҳри Хуҷанд ва ҳуқуқшиноси сол ба нотариуси калони давлатии шаҳри Исфара дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд