Хабарҳо
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 26.01.2022 16:13
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон як қатор тағйироти кадрӣ ба амал оварданд - 26.01.2022 16:08
Таҷлили ҷашни Сада дар ноҳияи Деваштич - 26.01.2022 13:28
Бахшида ба Иди Сада дар ноҳияи Мастчоҳ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил шуд - 26.01.2022 13:25
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин Нишасти сарони кишварҳои «Осиёи Марказӣ-Чин» иштирок намуданд - 26.01.2022 08:26
ЗАМИНҲОИ БЕКОРХОБИДА БА ГАРДИШИ КИШОВАРЗӢ ДАРОВАРДА МЕШАВАНД! - 25.01.2022 15:30
Ғолибони озмунҳои "Беҳтарин китобхонаи наздимактабӣ" ва "Китобдори беҳтарин" муайян гардиданд - 25.01.2022 10:35
Дар ноҳияи Мастчоҳ коргоҳи истеҳсоли кислород месозанд - 25.01.2022 10:32
Таҷлили Иди Сада дар шаҳри Истаравшан - 25.01.2022 10:30
Меҳмонон аз вилоятҳои Фарғона ва Намангон аз Ашт боздид намуданд - 25.01.2022 10:14

Соли 2021 дар Суғд беш аз 530 ҳазор тонна картошка истеҳсол карда шуд

( 0 Овоз )

Соли 2021 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Суғд ба маблағи 12 млрд. 299,6 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд, ки ба 107,1 фоизи нишондиҳандаи соли 2020 баробар мебошад.

Барои ҳосили соли 2021 дар масоҳати 279755,5 гектар кишт гузаронида, дурнамои кишти аксари зироатҳо таъмин гардид. Аз майдони умумии кишт 234812,0 гектар ё 83,9 фоиз ба корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 44943,5 гектар ё 16,1 фоиз ба аҳолӣ рост меояд.

Бояд қайд намуд, ки  дар ҳамаи  шаклҳои хоҷагидории  вилоят 121417,0 гектар ғалладонагӣ ва лӯбиёгиҳо (бе ҷуворимаккаи дон), аз ҷумла 54936,6 гектар гандум, 50449,4 гектар ҷав ва 9198,3 гектар шолӣ кошта шудааст. Нисбат ба соли қаблӣ майдони кишти гандум 4780,6 гектар ва шолӣ 5,0 гектар афзудааст. Масоҳати кишти ҷуворимакка барои дон 6437,2 гектар ва зироатҳои хўроки чорво 42773,3 гектарро ташкил намудааст.

Дар соли гузашта дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 530000,0 тонна картошка, 572841,8 тонна сабзавот, аз ҷумла 172110,5 тонна пиёз,  93340,7 тонна мевагӣ, аз ҷумла 37506,0 тонна зардолу ва 33779,6 тонна себ, 54734,3 тонна ангур, 155373,9 тонна полезӣ истеҳсол карда шудааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 истеҳсоли картошка 17930,9 тонна, сабзавот 11654,6 тонна, себ 5176,7 тонна, ангур 4161,1 тонна  афзудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Соли 2021 дар Суғд беш аз 530 ҳазор тонна картошка истеҳсол карда шуд