Хабарҳо
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 26.01.2022 16:13
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон як қатор тағйироти кадрӣ ба амал оварданд - 26.01.2022 16:08
Таҷлили ҷашни Сада дар ноҳияи Деваштич - 26.01.2022 13:28
Бахшида ба Иди Сада дар ноҳияи Мастчоҳ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил шуд - 26.01.2022 13:25
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин Нишасти сарони кишварҳои «Осиёи Марказӣ-Чин» иштирок намуданд - 26.01.2022 08:26
ЗАМИНҲОИ БЕКОРХОБИДА БА ГАРДИШИ КИШОВАРЗӢ ДАРОВАРДА МЕШАВАНД! - 25.01.2022 15:30
Ғолибони озмунҳои "Беҳтарин китобхонаи наздимактабӣ" ва "Китобдори беҳтарин" муайян гардиданд - 25.01.2022 10:35
Дар ноҳияи Мастчоҳ коргоҳи истеҳсоли кислород месозанд - 25.01.2022 10:32
Таҷлили Иди Сада дар шаҳри Истаравшан - 25.01.2022 10:30
Меҳмонон аз вилоятҳои Фарғона ва Намангон аз Ашт боздид намуданд - 25.01.2022 10:14

Вохӯриҳои вакили Маҷлиси намояндагон бо сокинони шаҳри Панҷакент

( 0 Овоз )

Дар асоси ҷадвали вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон дар шаҳри Панҷакент низ вохӯриҳо доир гардида истодааст.

Аз ҷумла, дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои деҳоти Саразм ва  Хурмӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Шодизода бо мардум вохӯриҳо гузаронида, бобати санадҳои меъёрию ҳуқуқии қабулнамудаи мақоми қонунбарори мамлакат, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ махсусан дар соҳаҳои илму маориф, бо ҳайъати кормандону омӯзгорони шуъбаи маорифи шаҳр сӯҳбат доир намуд. Зикр гардид, ки Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳамияти аввалиндараҷа дода, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот ва касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ мунтазам тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.

Дар ҷараёни мулоқот узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода қайд намуд, ки дар Паёми имсола таваҷҷӯҳ ба соҳаи маориф бештар буда, ҷавҳари сиёсати роҳбари давлатро рушди маориф ташкил медиҳад. Тараққиёти кишвар аз устувории пояи маориф вобастагӣ дошта, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва содиқ ба Ватан ва қавӣ намудани нерӯи мудофиавии мамлакат мақсади асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Вохӯриҳои вакили Маҷлиси намояндагон бо сокинони шаҳри Панҷакент