Хабарҳо
Толибилмони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд аз ИМА 6 медали нуқраву биринҷӣ оварданд - 18.01.2022 09:15
Баргузории семинари машваратӣ – дастурдиҳии вилоятӣ дар Раёсати маорифи вилоят - 17.01.2022 14:10
Ба Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ беш аз 60 номгӯи таҷҳизоту доруворӣ дастрас гардид - 17.01.2022 14:08
Шиносоӣ бо сохтмони иншооти гуногун ва ҷараёни корҳои ободонӣ дар ноҳияи Мастчоҳ - 15.01.2022 21:50
Мастчоҳ. Раиси вилоят дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуд - 15.01.2022 19:25
Аёдати собиқадорони меҳнат дар ноҳияи Мастчоҳ - 15.01.2022 18:22
Тақвияти корҳои кабудизоркуниву хуррамгардонӣ дар шаҳри Хуҷанд - 16.01.2022 17:32
Раҷаббой Аҳмадзода дар Хуҷанд бо раванди корҳои азнавсозӣ дар Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 шинос гардид - 16.01.2022 17:29
Ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ - 15.01.2022 12:36
ЭРКАЕВ ДОДИХУДО БИГУЗОР СОЛИ 2022 СОЛИ РЕШАКАН СОКИНОНИ ХОРУҒ АЗ ҶАБРИ ЧАНДИНСОЛАИ ГУРӮҲҲОИ ҶИНОЯТ - 15.01.2022 09:57

Дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз Суғд 36 нафар иштирок мекунанд

( 1 Овоз )

Ғолибони даври вилоятии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷиҳати иштирок дар даври ҷумҳуриявӣ ба шаҳри Душанбе сафар карданд.

Тибқи иттилооти роҳбари гуруҳ, директори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд Фирдавс Ашӯрматов 36 нафар ғолибони даври вилоятӣ дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ иштирок мекунанд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Озмун ба мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолигардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар доир мегардад.

Дар соли гузашта намояндаи вилоят, сокини шаҳри Панҷакент Раъно Насриддинова ғолиби даври ҷумҳуриявии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" гардида, барандаи "Шоҳҷоиза" шуда буд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз Суғд 36 нафар иштирок мекунанд