Хабарҳо
Толибилмони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд аз ИМА 6 медали нуқраву биринҷӣ оварданд - 18.01.2022 09:15
Баргузории семинари машваратӣ – дастурдиҳии вилоятӣ дар Раёсати маорифи вилоят - 17.01.2022 14:10
Ба Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ беш аз 60 номгӯи таҷҳизоту доруворӣ дастрас гардид - 17.01.2022 14:08
Шиносоӣ бо сохтмони иншооти гуногун ва ҷараёни корҳои ободонӣ дар ноҳияи Мастчоҳ - 15.01.2022 21:50
Мастчоҳ. Раиси вилоят дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуд - 15.01.2022 19:25
Аёдати собиқадорони меҳнат дар ноҳияи Мастчоҳ - 15.01.2022 18:22
Тақвияти корҳои кабудизоркуниву хуррамгардонӣ дар шаҳри Хуҷанд - 16.01.2022 17:32
Раҷаббой Аҳмадзода дар Хуҷанд бо раванди корҳои азнавсозӣ дар Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 шинос гардид - 16.01.2022 17:29
Ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ - 15.01.2022 12:36
ЭРКАЕВ ДОДИХУДО БИГУЗОР СОЛИ 2022 СОЛИ РЕШАКАН СОКИНОНИ ХОРУҒ АЗ ҶАБРИ ЧАНДИНСОЛАИ ГУРӮҲҲОИ ҶИНОЯТ - 15.01.2022 09:57

Лоиҳаи «Беҳтаргардонии низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 3» пурра татбиқ шуд

( 1 Овоз )

Дар иншооти партовоббардории асосии шаҳри Хуҷанд маросими пўшидашавии лоиҳаи «Беҳтаргардонии низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 3» баргузор гардид.

Директори генералии КВДК «Хуҷандобуканал» Носир Ғафурзода дар бораи муваффақона татбиқ шудани лоиҳаи  «Беҳтаргардонии низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 3» иттилоъ дода аз ҷумла афзуд, ки бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир  ба ҷалби сармоягузории хориҷӣ ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии комммуналӣ лоиҳаи мазкур амалӣ гардида, шароити беҳтари кору фаъолият муҳайё шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо татбиқ шудани лоиҳаи мазкур як қатор корҳо амалӣ шуданд.Аз ҷумла иншооти партовоббардори асосӣ таъмир ва тачдид гардид, дар ин раванд ҳисобченкунакҳои обии  ҳаҷмашон калон ва таҷҳизоти иловагӣ харидорӣ ва насб карда шуданд, қубурҳои фарсуда иваз гардиданд, мошин ва механизмхо барои истифодабарӣ ва хизматрасонии техникӣ харидорӣ карда шуд.

Роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) дар Тоҷикистон Рика Ишӣ баромад намуда, аз вазъи татбиқи лоиҳа тибқи нақшаи пешбинишуда  изҳори қаноатмандӣ кард ва омодагии хешро ҷиҳати мусоидат ба амалинамоии дигар лоиҳаҳои муҳим таъкид дошт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Лоиҳаи «Беҳтаргардонии низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 3» пурра татбиқ шуд