Хабарҳо
Толибилмони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд аз ИМА 6 медали нуқраву биринҷӣ оварданд - 18.01.2022 09:15
Баргузории семинари машваратӣ – дастурдиҳии вилоятӣ дар Раёсати маорифи вилоят - 17.01.2022 14:10
Ба Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ беш аз 60 номгӯи таҷҳизоту доруворӣ дастрас гардид - 17.01.2022 14:08
Шиносоӣ бо сохтмони иншооти гуногун ва ҷараёни корҳои ободонӣ дар ноҳияи Мастчоҳ - 15.01.2022 21:50
Мастчоҳ. Раиси вилоят дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуд - 15.01.2022 19:25
Аёдати собиқадорони меҳнат дар ноҳияи Мастчоҳ - 15.01.2022 18:22
Тақвияти корҳои кабудизоркуниву хуррамгардонӣ дар шаҳри Хуҷанд - 16.01.2022 17:32
Раҷаббой Аҳмадзода дар Хуҷанд бо раванди корҳои азнавсозӣ дар Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 шинос гардид - 16.01.2022 17:29
Ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ - 15.01.2022 12:36
ЭРКАЕВ ДОДИХУДО БИГУЗОР СОЛИ 2022 СОЛИ РЕШАКАН СОКИНОНИ ХОРУҒ АЗ ҶАБРИ ЧАНДИНСОЛАИ ГУРӮҲҲОИ ҶИНОЯТ - 15.01.2022 09:57

Имзои созишномаҳои ҳамкорӣ миёни соҳибкорони вилояти Суғд ва кишвари Красноярски ФР

( 0 Овоз )

Тавре қаблан хабар дода будем, 24 ноябри соли равон гуруҳи соҳибкорон аз вилояти Красноярски Федератсияи Россия ба вилояти Суғд ташриф оварда, давоми чаҳор рӯз бо фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос гардиданд.

Дар доираи сафар соҳибкорони вилояти Красноярск бо соҳибкорони вилояти Суғд мулоқот анҷом дода, барои таҳкими робитаҳо ва афзун намудани додугирифти молу маҳсулот як қатор созишномаҳои ҳамкориро имзо карданд.

Тибқи иттилои масъулини Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд пас аз мулоқоту гуфтушунидҳо миёни ширкатҳои  «Энки» ва «Зардолу ва компания», «Отелторг» ва «Қолинҳои Гулистон», «Отелторг» ва «Ҷавонӣ», «Отелторг» ва «Нассоҷи Хуҷанд», «Отелторг» ва «САТН», «Крас Хемп» ва «Баракат Исфара», «Крас Хемп» ва «Комбинати консервабарории Исфара», «Крас Хемп» ва «Субҳи Ватан», «Крас Хемп» ва «Фортуна ва Ко», Ширкати молиявии "Аксиома" ва Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд созишномаҳои ҳамкорӣ имзо шуд, ки минбаъд ҷонибҳо дар асоси он ҳамкориҳоро тақвият мебахшанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Имзои созишномаҳои ҳамкорӣ миёни соҳибкорони вилояти Суғд ва кишвари Красноярски ФР