Хабарҳо
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан озмун эълон менамояд - 29.11.2021 14:52
Имзои созишномаҳои ҳамкорӣ миёни соҳибкорони вилояти Суғд ва кишвари Красноярски ФР - 29.11.2021 14:51
Маркази матбуоти Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ хабар медиҳад - 29.11.2021 14:10
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ҷаласаи корӣ доир намуд - 29.11.2021 14:05
Public Order in Khorugh Fully Restored - 29.11.2021 13:58
Тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳри Хоруғ пурра ба эътидол оварда шуд - 29.11.2021 13:43
Ҳамватанони азиз! Бо гирифтани ваксина худ ва наздиконамонро аз бемории COVID-19 эмин нигоҳ дорем! - 29.11.2021 10:43
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд - 29.11.2021 10:34
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган мулоқот намуданд - 29.11.2021 10:31
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити 15-уми сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) дар шаҳри Ашхободи Туркманистон иштирок намуданд - 29.11.2021 10:21

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар шаҳри Исфара

( 0 Овоз )

Дар шаҳри Исфара ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир шуд, ки дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатū, роҳбарони ҷомеаҳои меҳнатū, омӯзгорон ва муҳассилини муассисаҳои маориф ва собиқадорон иштирок намуданд.

Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми сокинони шаҳру деҳоти Исфараро бо Рӯзи Парчами давлатии Чумхурии Точикистон сидқан муборакбод гуфт.

Таъкид карда шуд, ки Парчам дар радифи Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ барои мардуми тоҷик муқаддас аст. Зеро таърихи навини давлатдории тоҷикон гувоҳи он аст, ки арҷгузорӣ ба рамзҳои миллӣ, ки Парчами давлатӣ яке аз онҳо мебошад, барои дарки амиқи ғояҳои олии марбут ба ҳуввияти миллии мардум нақши муассире дорад.

Парчам яке аз рамзҳои муҳими давлати соҳибистиқлоли мо, нишонаи ҳаёти осоишта, ваҳдат, сарфарозӣ ва ифтихори миллӣ мебошад. Парчами давлатии мо таҷассуми ҳастии миллати соҳибдавлат ва тамаддунофари тоҷик, иттиҳоду сарҷамъии он ба шумор меравад. Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ мардуми шарафманди кишвари мо бо саъю талош дар роҳи ваҳдату ягонагӣ исбот намуданд, ки ворисони арзандаи гузаштагони ватанпарасту озодандеши худ ҳастанд.

Зимнан гуфта шуд, ки Парчами давлатӣ баёнгари соҳибистиқлолии мамлакат, инъикоскунандаи фарҳангу тамаддун, таҷассумгари ифтихори миллӣ ва ору номуси ватандорӣ, рамзи баҳамоиву ваҳдатофарӣ ва башоратдиҳандаи азму иродаи устувори мардум мебошад.

Сипас,  дар вазъи тантанавӣ аз ҷониби раиси шаҳр Баҳодурзода Баҳоваддин ғолибони озмуни "Тараннуми Ватан" бо Сипоснома ва туҳфаҳои пулӣ қадршиносӣ гардиданд.

Ҳамзамон дар ин ҷамъомад намояндаи Мақомоти иҷроии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдуллозода Шарифулло паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи сокинони шаҳр расонид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар шаҳри Исфара