Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 1,3 миллиард сомониро ташкил дод

( 0 Овоз )

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2021 маҷлиси ҷамъбастӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ қисми даромади буҷет 102,6 фоиз иҷро гардида, буҷети маҳаллӣ бошад, дар ин давра 104,0 таъмин карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар ҳаҷми 1,3 млрд сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд, ки суръати афзоиши он 111,8 фоиз, аз он ҷумла, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи растанипарварӣ 796,7млн. сомонӣ ва соҳаи чорводорӣ 564,3 млн. сомониро ташкил дод. Дар соҳаи чорводорӣ ба миқдори 11,6 ҳазор тонна гӯшт ва 26,7 ҳазор тонна шир истеҳсол карда шуд ва дар натиҷа нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш барзиёд таъмин карда шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 2,3 млрд сомонӣ буда, афзоиши маҳсулот бо нархҳои муқоисавӣ 138,9 фоизро ташкил медиҳад. 12 корхонаҳои истеҳсолӣ ба фаъолият шуруъ намуданд, ки дар онҳо барои 150 нафар сокинон ҷойҳои навӣ корӣ таъсис дода шуданд.

Ҳамзамон дар маҷлиси ҷамъбастӣ соҳаҳои нақлиёт, энергетика, маорифу тандурустӣ, ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила ва дигар масъалаҳои иҷтимоӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода зимни таҳлили масъалаҳои зиёд намудани кишти сабзавот, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, харидории тухмиҳои босифати ғалладонагиҳо, тақвият бахшидани фаъолияти корхонаҳои парандапарварӣ ва зиёд намудани тухм, сабабҳои аз фаъолият мондани бархе аз корхонаҳои саноатӣ, сари вақт таъмин намудани андози ҷамоатҳо, риояи забони давлатӣ дар шиору овезаҳо, номгузории мағозаҳо дар бозорҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз худ намудани сармоягузориҳои мустақим ва хориҷӣ, бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани маъюбон дар корхонаҳои саноатӣ, зиёд намудани ярмаркаҳои ҷойҳои нави корӣ, пешгирии ҷиноятсодиркунии ноболиғон, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва дигар масъалаҳои мубрам масъулини соҳаҳоро муваззаф намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Дар маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар 9 моҳи соли 2021  намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зуҳурзода Саид Холаҳмад – муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ва Шарифҷон Аҳмедов, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд иштирок ва баромад намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд