Хабарҳо
Боздиди ҳайати вилояти Могилёв аз шаҳри Истаравшан - 06.12.2021 09:11
Миёни ширкатҳои истеҳсолии Суғд ва Могилёв 15 созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд - 06.12.2021 09:09
Дар Мастҷоҳ боз як зеристгоҳи барқӣ бунёд мегардад - 06.12.2021 09:05
Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Дастаи таъиноти махсуси милитсия чорабинии тантанавӣ доир гардид - 04.12.2021 19:41
Боздиди Раиси вилоят аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ - 04.12.2021 19:36
Мулоқоти доираҳои тиҷоратии вилоятҳои Суғд ва Могилёв - 03.12.2021 17:52
Мулоқоти гуруҳи корӣ бо фаъолони шаҳру ноҳияҳо оид ба фарогирии аҳолӣ ба ваксинатсия - 03.12.2021 15:48
Соҳибкорони Могилёв аз корхонаҳои саноатӣ боздид намуданд - 03.12.2021 10:56
Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 03.12.2021 08:49
Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони Ҷумҳурии Беларус - 02.12.2021 10:55

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Маркази ҳунарҳои мардумӣ ва атласу адрасбофиро дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди истифода қарор доданд

( 0 Овоз )

Дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои Маркази ҳунарҳои мардумӣ, истеҳсоли атласу адрас ва сехи дӯзандагиро мавриди истифода қарор доданд.

Дар саҳни ҳавлии маркази ҳунарҳои мардумии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров намоиши ҳунарҳои мардумӣ, хӯрокҳои миллӣ, нону маҳсулоти хамирӣ, намудҳои гуногуни асал, банду басти маҳсулоти марказҳои омӯзишии ҳунарҳои мардумӣ ва истеҳсолкунандагони шириниҳо, хушкмева ва нақшу нигораҳо аз шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Исфара Панҷакент, Хуҷанд ва ноҳияи Ҷаббор Расулов ба намоиш гузошта шуда буд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳ дидан намуда, ба сифати маҳсулот ва ҳунарҳои мардуми ин шаҳру ноҳияҳо баҳои баланд доданд.

Дар сехи дӯзандагии маркази ҳунарҳои мардумии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 50 адад мошинаи муосири дарздӯзӣ ва 30 дастгоҳи бофандагӣ бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ гардида, барои кор дар онҳо 100 нафар дар сехи дӯзандагӣ, атласу адрасбофӣ ва аврабандӣ, ки дар қисми дигари сехи дӯзандагӣ ҷойгир аст, ба кор ҷалб шудаанд.

Дар ин ҷо матоъҳои аз лиҳози сифатнокиашон баланд аз маҳсулоти ватанӣ, пахта ва риштаи маҳаллӣ истеҳсол мешаванд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки барои занону бонувони бешуғл барои касбомӯзӣ шароити хуб фароҳам шудааст. Ҳамчунин илова гардид, ки дар ин коргоҳ ҳамарӯза аз ҳар як дастгоҳи атласу адрасбофӣ аз 10 то 15 метр матои аз ҷиҳати экологӣ тоза омода мегардад ва он дар бозорҳои дохилӣ ва берун аз ҳудуди ноҳия талабгорони зиёд доранд.

Акнун дар ин марказ дилхоҳ нафароне, ки хоҳиши касбомӯзӣ доранд, тариқи ройгон ва дар асоси роҳхатҳои Агентии шуғли аҳолӣ ба омӯзиш фаро гирифта хоҳанд шуд.

Мавриди зикр аст, ки бо мақсади тараққӣ додани ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии шоистаи имконияти сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ва инфрасохтори сайёҳӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид.

Дар ин давра дар вилоят марказҳои ҳунарҳои мардумӣ бо садҳо ҷойи  корӣ бунёд гардид ва  ҳунармандон тавонистанд муваффақият ба даст оранду маҳсули эҷоди худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.

Баъди шиносоӣ бо марказ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалӣ намудани ин тадбири хайр ба масъулин барору муваффақият орзу карданд.


ШУМО ДАР: Навиди Суғд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Маркази ҳунарҳои мардумӣ ва атласу адрасбофиро дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди истифода қарор доданд