Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таълимии хусусии «Ворисони илм»-ро дар шаҳри Бӯстон ифтитоҳ намуданд

( 0 Овоз )

7 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон бинои муассисаи таълимии хусусии «Ворисони илм»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Мактаби хусусии “Ворисони илм” дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси оилаи Рауповҳо бо харҷи беш аз 5 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.

Бинои мактаб аз се ошёна иборат буда, дар он 18 адад синфхона бо 460 ҷойи нишаст ва дигар ҳуҷраҳои корӣ ҷой дода шудаанд. Муассисаи таълимӣ дорои маркази гармидиҳӣ буда, бо тамоми шароити муосири таълим сохта шудааст.

Таҳсил дар муассисаи навбунёд бо забони русӣ ба роҳ монда шуда, омӯзиши забонҳои англисӣ ва чинӣ низ дар назар дошта шудааст. Илова бар ин, дар доираи эълон шудани солҳои 2020-2040-“Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф” дар мактаби “Ворисони илм” тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд.

Дар саҳни мактаб майдончаи варзишӣ бунёд гардида, барои ҷалби наврасону ҷавонон ба машғулияти варзишӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ҳамзамон дар ошёнаи сеюми бинои нави таълимии хусусии “Ворисони илм” толори варзишӣ ҷой дода шуда, хонандагон ба бозиҳои баскетбол, волейбол ва намуди каратэ ҷалб карда мешаванд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хонандагони муассисаи таълимии хусусӣ суҳбат намуда, аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи маориф ёдоварӣ шуданд. Таъкид гардид, ки ҳамаи ин ғамхориҳо барои ояндаи дурахшони насли наврас мебошад. Дар ҷавоб ба ин наврасону ҷавононро мебояд хуб таҳсил намуда, дар оянда ҳамчун фарзандони содиқ ба халқу Ватани худ хизмати шоиста намоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити таълиму тарбия дар кӯдакистони хусусии “Ворисони илм”, ки соли 2015 аз ҷониби оилаи Рауповҳо бунёд гардидааст, шинос шуданд.

Айни замон дар ин муассисаи томактабӣ 100 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ба дӯструякон туҳфаҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим карда шуданд, ки кӯдакони хуштолеъ аз  ғамхории Сарвари давлат хеле шоду мамнун гардиданд.

Дар шаҳри Бӯстон шумораи муассисаҳои таълимии томактабӣ 12 адад буда, дар онҳо беш аз 2 ҳазор кӯдак дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ба камол мерасанд. Барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои соҳаи маориф аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон тадбирҳои муҳиму саривақтӣ андешида шудаанд.