Хабарҳо
Боздиди ҳайати вилояти Могилёв аз шаҳри Истаравшан - 06.12.2021 09:11
Миёни ширкатҳои истеҳсолии Суғд ва Могилёв 15 созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд - 06.12.2021 09:09
Дар Мастҷоҳ боз як зеристгоҳи барқӣ бунёд мегардад - 06.12.2021 09:05
Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Дастаи таъиноти махсуси милитсия чорабинии тантанавӣ доир гардид - 04.12.2021 19:41
Боздиди Раиси вилоят аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ - 04.12.2021 19:36
Мулоқоти доираҳои тиҷоратии вилоятҳои Суғд ва Могилёв - 03.12.2021 17:52
Мулоқоти гуруҳи корӣ бо фаъолони шаҳру ноҳияҳо оид ба фарогирии аҳолӣ ба ваксинатсия - 03.12.2021 15:48
Соҳибкорони Могилёв аз корхонаҳои саноатӣ боздид намуданд - 03.12.2021 10:56
Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 03.12.2021 08:49
Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони Ҷумҳурии Беларус - 02.12.2021 10:55

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон толори пазироии меҳмонони олимақомро дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ифтитоҳ намуданд

( 0 Овоз )

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бинои толори вакилони расмии фурудгоҳро баъди навсозии куллӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ ифтитоҳ намуданд.

Бинои нави толори вакилони расмии Ҷамъияти саҳомии кушодаи Фурудгоҳи баиналмилалии Хуҷанд ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 810 метри мураббаъ навсозӣ карда шуда, бо таҷҳизоти замонавии хизматрасонӣ муҷаҳҳаз ва шароити муосиру мувофиқ барои мусофирону меҳмонон фароҳам оварда шудааст.

Ёдовар бояд шуд, ки бинои толори вакилони расмии Фурудгоҳи баиналмилалии Хуҷанд дар солҳои 70-уми асри гузашта сохта шуда, то ба имрӯз таъмиру таҷдид нашуда буд. Ҳадаф аз тачдиду муҷаҳҳазгардонии бинои мазкур, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муҳайё сохтани шароити муосири хизматрасонӣ барои мусофирон маҳсуб меёбад.

Дар толори вакилони расмии фурудгоҳ баъди навсозӣ нахустин чорабинӣ — мулоқоту суҳбати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 100 нафар кӯдаки ятим аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин кӯдакон, ки ба ҳукми тақдир аз падару модар маҳрум мондаанд, самимона ва бо меҳри падарона суҳбат намуданд.

Пешвои миллат ба ҳар яки ин фарзандон туҳфаҳо — сару либос ва маблағи пулӣ тақдим доштанд.

Кӯдакони ятим доимо аз ғамхории падаронаи Сарвари давлат бархурдоранд ва онҳо ҳеҷ гоҳ худро яккаву танҳо ҳис намекунанд, дар симои Роҳбари давлат пушту паноҳ ва саробону сарпарасти худро доранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дархосту хоҳиши ин фарзандонро гӯш карда, онҳоро дилпур сохтанд, ки ҳамеша дастгиру пуштибонашон мебошанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин бори дигар дастуру супориш дода, таъкид намуданд, ки рӯзгору таҳсили кӯдакони ятиму имконияташон маҳдуд бояд то ба воя расидану ба ҳаёти мустақил гусел кардан таҳти назорату ғамхории доимӣ қарор дошта бошад.


ШУМО ДАР: Навиди Суғд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон толори пазироии меҳмонони олимақомро дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ифтитоҳ намуданд