Хабарҳо
Боздиди ҳайати вилояти Могилёв аз шаҳри Истаравшан - 06.12.2021 09:11
Миёни ширкатҳои истеҳсолии Суғд ва Могилёв 15 созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд - 06.12.2021 09:09
Дар Мастҷоҳ боз як зеристгоҳи барқӣ бунёд мегардад - 06.12.2021 09:05
Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Дастаи таъиноти махсуси милитсия чорабинии тантанавӣ доир гардид - 04.12.2021 19:41
Боздиди Раиси вилоят аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ - 04.12.2021 19:36
Мулоқоти доираҳои тиҷоратии вилоятҳои Суғд ва Могилёв - 03.12.2021 17:52
Мулоқоти гуруҳи корӣ бо фаъолони шаҳру ноҳияҳо оид ба фарогирии аҳолӣ ба ваксинатсия - 03.12.2021 15:48
Соҳибкорони Могилёв аз корхонаҳои саноатӣ боздид намуданд - 03.12.2021 10:56
Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 03.12.2021 08:49
Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони Ҷумҳурии Беларус - 02.12.2021 10:55

Ифтитоҳи маҷмааи «Дуои модар» дар назди Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

( 1 Овоз )

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ эҳтироми модар ва арҷгузорӣ ба заҳмату хизматҳои модарони тоҷикро таъкид намуда, дар ситоишу васфи модар фармудаанд: «Модар — офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши рӯҳу ҷон мебошад.

Ҳама эъҷозу парвоз, ҳама эҷоду бунёд ва ҳама мардонагиву қаҳрамонӣ натиҷа ва самараи заҳмати шабонарӯзии модар аст. Дунё дар домони биҳиштии модар парвариш меёбад ва аз ин рӯ башарият ҳамеша аз ӯ сипосгузор мебошад».

Бо иқдоми роҳбарияти Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд дар майдони саҳни фурудгоҳ муҷассамаи “Дуои модар” дар доираи иқдоми 1300 рӯзи ободонию сабзазоркунӣ ва ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чун рамзи изҳори муҳаббати поку самимӣ нисбат ба модар, эҳтироми бузург ва арҷгузорӣ ба ҳастии зан-модар ва қадршиносии модари тоҷик бунёд карда шуда, дар кишвар аввалин муҷассамаи азим дар намуди даст ба дуо бардоштаи модар мебошад.

Муҷассамаи “Дуои модар” бо пояаш 13 метрро ташкил дода, баландии худи муҷассама 6,7 ва пояи он 5,5 метрро ташкил медиҳад.

Саҳни муҷассамаи “Дуои модар” бо фаввораҳои чароғон ва гулгашти зебо ба макони дилкашу назаррабо табдил дода шудааст. Ин мавзеи ҷолиб барои тамошои меҳмонону сайёҳон дар фурудгоҳ маҳсуб шуда,  дуои модар фатҳу кушоиш барои ҳар фард дар зиндагӣ ва кору рӯзгор аст.

Баъди ифтитоҳ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми шахсони ватандӯст баҳри ободии як гӯшаи диёр изҳори сипос карда, инро амали созандаи шоистаи таҳсин номиданд.


ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ифтитоҳи маҷмааи «Дуои модар» дар назди Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд