Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор дар ноҳияи Мастчоҳ

( 0 Овоз )

5 октябр дар Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ чорабинии идона ба муносибати Рўзи забони давлатӣ ва Рўзи омӯзгор баргузор гардид.

Муовини якуми раиси ноҳия Муллосоқӣ Атовуллозода аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сокинонро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ табрик намуда, зикр кард, ки «забони тоҷикӣ дар ҳама давру замонҳо забони давлатдорӣ буда, яке аз падидаҳои тамаддунофари даврони Истиқлоли давлат низ маҳсуб ёфта, ҳамчун як рукни асосии давлатдорӣ дар пойдории давлату миллати тоҷик нақши муҳим мебозад».

Таъкид карда шуд, ки омӯзгор ва фарди донишманд барои ҳар як миллату давлат сарвати бебаҳо ва неруи тавонои созандагӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин омӯзгоронро зарур аст, ки дар кори худ содиқ бошанд ва барои боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва расидан ба дастовардҳои бузург талош намоянд.

Зикр гардид, ки аз бо дастгирию ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳи доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят соҳаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ низ ба пешравиҳои назаррас ноил гардид. Дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Мастчоҳ 21 муассиса ва биноҳои нави таълимӣ бунёд гардидаанд ва рӯзҳои наздик ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ боз 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии нав ба истифода дода мешаванд.

Дар охир барномаи консертии бахши фарҳанги ноҳия хотири иштирокдоронро болида сохт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд