Хабарҳо
Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони Ҷумҳурии Беларус - 02.12.2021 10:55
Мулоқоти Раиси вилоят бо муовини Раиси кумитаи иҷроияи вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус Руслан Страхар - 02.12.2021 10:51
Мулоқоти Раиси вилоят бо сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенко - 02.12.2021 10:39
«ҶАНОБИ ОЛӢ ФАРЗАНДИ СИДДИҚИ* ИН КИШВАР АСТ». Чунин иброз дошт донишманди афғонтабори муқими Олмон Муҳсини Салҷуқӣ - 02.12.2021 08:15
Дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз Суғд 36 нафар иштирок мекунанд - 02.12.2021 08:09
Шиносоии Раиси вилоят бо корҳои таъмиру азнавбарқароркунӣ дар Қалъаи Хуҷанд - 01.12.2021 13:52
Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва Палатаи савдои шаҳри Қунияи Ҷумҳурии Туркия - 01.12.2021 11:58
Лоиҳаи «Беҳтаргардонии низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 3» пурра татбиқ шуд - 01.12.2021 11:54
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид - 01.12.2021 09:10
Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия мулоқот намуд - 30.11.2021 16:36

Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар Исфара

( 0 Овоз )

Имрӯз бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри фарҳанги шаҳри Исфара чорабинӣ доир гардид.

Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода тамоми соҳибзабонон ва сокинони Исфараро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки онҳо хушбахтиву некрӯзӣ ва дар роҳи пурифтихори ватандӯстиву ватандорӣ азму иродаи қавӣ орзу намуд.

Дар маърӯзаи раиси шаҳр аз ҷумла гуфта шуд, ки "Забон баёнгари сарнавишти таърихии халқи тоҷик буда, бо истиқлолияти Ватани мо пайванди ҷовидонӣ пайдо кардааст. Имрӯзҳо дар раванди ҷаҳонишавӣ ҳар шаҳрванди соҳибдилро мебояд, ки забону фарҳанги худро ҳамчун неъмати бузург эҳтиёт карда, онро аз таъсиру таҳдидҳои беруна эмин нигоҳ дорад.

Сарбаландии мо, мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз он сарчашма мегирад, ки соҳиби забонем, ки ба он соли 1989 мақоми давлатӣ бахшидем. Ифтихори миллӣ, Ватану ватандорӣ аз волоияти мақоми забон ва поку бегазанд нигоҳ доштани он сар мешавад. Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикист, ки он барои ҳар сокини ин кишвари соҳибтамаддун азизу гиромӣ гаштааст. Забони тоҷикӣ ҳамчун омили муҳимми пойдории миллат ва давлатдории миллӣ аз ҷониби давлат ҳимоя ва нигаҳдорӣ мешавад».

Қисмати дигари ҳамоиши гиромидошти забони давлатӣ аз баромадҳои  ровиёну  санъаткорон, ки  Ватану Истиқлолият ва забони зебову равони тоҷикиро тараннум мекарданд, иборат буд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар Исфара