1 октябр қабули мавод ба озмуни вилоятии «Хомаи созанда-2021» оғоз ёфт

( 0 Овоз )

Имрӯз, 1 октябр қабули мавод ба озмуни вилоятии «Хомаи созанда-2021» оғоз ёфт, ки он то 20 октябр идома меёбад.

Озмуни анъанавии “Хомаи созанда” бо мақсади муайян намудани кормандони беҳтарини расонаҳои хабарии вилоят,  инъикоси масъалаҳои ҳалталаб ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли он, сари вақт хабардор кардани ҷомеа аз раванди рушду такомули соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, шарҳу тавзеҳи воқеъбинона,  асосноки дигаргунсозӣ ва проблемаҳои дорои аҳамияти махсуси иҷтимоидошта, ҳамзамон ҷалби таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа ба масъалаҳои ҳалталаб гузаронида мешавад.

Бо қарори марбутаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода озмуни имсола бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар номинатсияҳои «Инъикоси дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар давоми 30 соли соҳибистиқлолии мамлакат)», «Масъалаҳои марбут ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Масъалаҳои марбут ба соҳаи саноат», «Масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ», “Муаррифии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ (тавассути лавҳаҳои телевизионӣ ва интернетроликҳо)” доир шуда, дар он танҳо рӯзноманигорон ва кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилоят иштирок карда метавонанд.

Иштирокчии озмун (ё гурӯҳи эҷодӣ) бояд на кам аз 5 мавод  пешниҳод намояд. Дар озмун онҳое, ки давоми сол дар як мавзӯъ силсиламавод омода кардаанд, бартарӣ хоҳанд дошт. Ҳар як рӯзноманигор ва гуруҳи эҷодӣ танҳо аз рӯи як номинатсия барои иштирок дар озмун довталабӣ карда метавонад.

Ба ғолибони озмун аз рӯи номинатсияҳои зикршуда дар бахшҳои телевизону радио, матбуот ва сомонаҳои интернетӣ аз 1500 сомонӣ то 6 ҳазор сомонӣ, дар маҷмуъ 132 000 сомонӣ супорида хоҳад шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд