Маросими гусели даъватшавандагон дар Ворух ва Чоркуҳ ба чорабинии идона табдил ёфт

( 0 Овоз )

Дар рўзи нахустини маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара нақшаи пешбинишуда саривақту пурра таъмин гардид.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд, дар натиҷаи роҳандозии дурусту муассири корҳои фаҳмондадиҳӣ ва мафкуравӣ аз ҷониби гуруҳҳои таблиғотию ташвиқотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолон 30 сентябр дар деҳаи баландкӯҳи Ворух ба муносибати гусели гурӯхи ҷавонони ватандӯсту  шуҷои диёр, ки ихтиёран, бо амри дилу виҷдон азми хизмати Модар - Ватан кардаанд, ҷамъомади ботантана баргузор гардид

Раиси шаҳри Исфара  Баҳоваддин Баҳодурзода бо баробари изҳори сипос ва таманниёти нек ба наваскарон, хизмат ба Ватан – Модарро рисолати фарзандӣ ва қарзи шаҳрвандӣ арзёбӣ кард ва аз таваҷҷўҳи роҳбарияти мамлакат бобати муҳайё намудани шароитҳои хуби хизмати ҳарбӣ ва зисти сарбозону афсарон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ёдовар шуд.

- Имрўз ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан нишонаи равшани эҳсоси ватандўстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи кишвар мебошад, - таъкид намуд Баҳоваддин Баҳодурзода.

Дар фарҷом ширкатдорони чорабинӣ, модарони даъватшудагон бо пайгирӣ аз анъанаҳои дерин ба аскарбачагони оянда луқмаи нон газониданд, то шаҳписаронашон хидмати Модар-Ватанро сарбаландона ба ҷо оварда, бо сари баланд ба зодгоҳашон баргарданд, мўйсафедони барнодил ба наваскарон роҳи сафед хостанд, дар адои рисолати ҷавонмардиашон бурдбориву муваффақият таманно намуданд.

Дар ин рӯз дар Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ низ бо ширкати намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, комиссариати ҳарбӣ, собиқадорон, наврасону ҷавонон ва волидони даъватшавандагон маросими гусели наваскарон ба хизмати Ватан баргузор гардид.

Ҷавонмардони асили диёрро раиси шаҳри Исфара  Баҳоваддин Баҳодурзода бо накӯтарин орзуву умедҳо сидқан муборакбод гуфта, аз онҳо даъват намуд, ки ба Ватан содиқонаву софдилона хизмат кунанд ва бо сари баланд ба назди волидони худ баргарданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд