Ҷамъбасти даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Илм-фурӯғи маърифат" дар Суғд

( 1 Овоз )

Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Илм-фурӯғи маърифат" ҷамъбаст ва ғолибони он муайян гардиданд.

Тибқи баҳогузориҳои ҳакамон дастаи шаҳри Хуҷанд бо ба даст овардани 29 ҷойи ифтихорӣ аз ҷумла, 8 ҷойи аввал, 11 ҷойи дуюм ва 10 ҷойи сеюм мақоми аввалро касб намуд. Дастаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ба даст овардани 16 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 3 ҷойи аввал, 6 ҷойи дуюм ва 7 ҷойи сеюм мақоми дуюм ва дастаи шаҳри Исфара бо ба даст овардани 9 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 2 ҷойи аввал, 5 ҷойи дуюм ва 2 ҷойи сеюм мақоми сеюмро ишғол намуданд.

Дар умум 79 нафар ғолибони озмун, аз ҷумла 15 ҷойи аввал, 30 ҷойи дуюм ва 34 ҷойи сеюм аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимӣ, донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ, омӯзгорон ва намояндагони касбу кори гуногун(танҳо аз бахши ихтироъкорӣ ва навоварӣ) аз бахшҳои физика, химия, технологияи иттилоотӣ, математика, география, биология ва ихтироъкорию навоварӣ муайян гардида, ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд.

Дар умум ғолибон аз 15 шаҳру ноҳияҳои вилоят буда, дар панҷгонаи беҳтарин дастаҳои шаҳру ноҳияҳои Панҷакент(4 ҷойи ифтихорӣ) ва Деваштич(4 ҷойи ифтихорӣ) низ шомил гардиданд.

Лозим ба таъкид аст, ки даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Илм-фурӯғи маърифат" санаҳои 22-24 сентябри соли 2021 бо иштироки 878 довталаб аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят дар Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Бӯстон баргузор гардид.

Барои ҷамъбаст ва назорати рафти баргузории даври вилоятии озмун тибқи дастури Раиси Кумитаи тадорукоти даври ҷумҳуриявии озмун - Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сатториён Матлубахон Амонзода аз Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 нафар ҳайяти ҳакамон ҷалб карда шуда буданд, ки онҳо дар бахшҳо раёсати ҳакамони озмунро ба ӯҳда доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд