Ашт. Дар иҷлосияи вакилон ҷараёни омодагиҳо ба тирамоҳу зимистон баррасӣ шуд

( 0 Овоз )

30-юми сентябри соли 2021 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум баргузор гардид.

Дар иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати  шашум масъалаҳои рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2020 №101, қарори Раиси вилояти Суғд аз 26 апрели соли 2021, №184 ва қарори Раиси ноҳия аз 7 майи соли 2021, №207 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022” дар ноҳия, номгузории обеъктҳои физикию ҷуғрофӣ баррасӣ шуда, ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи  Ашт оид ба масъалаҳои сиёсати аграрӣ, хурокворӣ, меҳнат ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии «Даҳана»,  №40  Муҳидинзода  Бурҳониддин Муҳидин шунида шуд.

Дар иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Озифхон Шарифзода баромад карда, фикру андешаҳои худро дар ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ гузаронидани тирамоҳу зимистон, рушди соҳаи санот ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ баён дошт.

Дар охир раиси ноҳия Зариф  Мирдадо барои беҳтар кардани фаъолияти корӣ дар ҳамаи ҷабҳаҳои истеҳсолот ва сари вақт ба иҷро расонидани нақшаҳои пешбинишуда дар назди масъулини соҳаҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд