Хабарҳо
Боздиди ҳайати вилояти Могилёв аз шаҳри Истаравшан - 06.12.2021 09:11
Миёни ширкатҳои истеҳсолии Суғд ва Могилёв 15 созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд - 06.12.2021 09:09
Дар Мастҷоҳ боз як зеристгоҳи барқӣ бунёд мегардад - 06.12.2021 09:05
Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Дастаи таъиноти махсуси милитсия чорабинии тантанавӣ доир гардид - 04.12.2021 19:41
Боздиди Раиси вилоят аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ - 04.12.2021 19:36
Мулоқоти доираҳои тиҷоратии вилоятҳои Суғд ва Могилёв - 03.12.2021 17:52
Мулоқоти гуруҳи корӣ бо фаъолони шаҳру ноҳияҳо оид ба фарогирии аҳолӣ ба ваксинатсия - 03.12.2021 15:48
Соҳибкорони Могилёв аз корхонаҳои саноатӣ боздид намуданд - 03.12.2021 10:56
Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 03.12.2021 08:49
Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони Ҷумҳурии Беларус - 02.12.2021 10:55

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

( 0 Овоз )

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамасола санаи 30-юми сентябр дар кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ таҷлил мегардад, ки ин тадбир барои арҷ гузоштан ба арзишҳои фарҳангию маънавӣ, мероси ҷовидонаи бузургону нобиғагони миллат, баланд бардоштани рӯҳияи худшиносию худогоҳии ҳамватанон ва тақвият бахшидани эҳсоси ватандӯстию меҳанпарастӣ дар байни насли ояндасоз мусоидат менамояд.

Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ на танҳо дар кишвари мо, балки дар аксари кишварҳои дунё, ки мероси ҷовидонаи ин абармарди сатҳи ҷаҳонӣ интишор ёфтааст, ҷашн гирифта шуда, ҳамчун рӯзи ҳамандешӣ, ҳамдиливу ҳамгироии инсонҳо, ваҳдату иттиҳод, дӯстӣ ва тантанаи хираду заковати инсонӣ пазируфта шудааст.

Осори гаронбаҳо ва офаридаҳои завқи ин нобиғаи бузурги сатҳи ҷаҳонӣ бо таълифоти ҳеч яке аз донишмандони олам қобили муқоиса нест, зеро Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо андешаҳои ҷаҳонсози худ дар таҳкими равобити қавму миллатҳои мухталифи олам саҳми равшан гузоштааст.  Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Назми оламгир, афкору андешаи бунёдӣ ва фалсафаи инсондӯстонаи ин орифи бузург дар Шарқу Ғарб маъруф гашта, мардум дар саросари олам осори ӯро меписанданд ва мутолиа мекунанд. Ӯ масъалаҳои умдаи умумибашарӣ, фарҳанги инсондӯстӣ ва дигар паҳлӯҳои муҳимми ҳаётро чунон дурандешонаву воқеъбинона тафсиру баён кардааст, ки имрӯз низ ҷавобгӯи ниёзу ормонҳои ҷаҳони муосир мебошад.”

Бузургии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки дар осори баландмазмун ва мондагори худ дастовардҳои фарҳанг ва дину оинҳои халқу миллатҳои гуногунро ҳамчун ҷузъҳои таркибии тамаддуни башарӣ васеъ истифода намудааст.

Ҷаҳони фикрии Мавлоно, бахусус дар замони муосир, ки  инсоният бо хатарҳои нав ва мушкилоти сангин рӯбарӯ гашта, гирифтори ихтилофҳои мафкуравию мазҳабӣ ва бархӯрди манфиатҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳонӣ гардидааст, арзиши бештар пайдо намудааст. Аз ин хотир, каломи оламгир ва фалсафаи башардӯстонаи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ  мавриди омӯзиш, таҳқиқ, баҳрабардорӣ ва эътирофи бузургтарин донишмандони дунё қарор гирифтааст.

Итминони комил дорам, ки афкору андешаҳои оламгири Мавлоно минбаъд низ ҳамрадифи зиндагӣ ва раҳнамои инсонияти тараққихоҳ боқӣ хоҳад монд.

Бори дигар, Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ муборак бошад!

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ