Хабарҳо
Суғд: Дар нуҳ моҳ ба маблағи 414,7 млн. доллар маҳсулот содирот шуд - 18.10.2021 13:47
Раиси вилоят бо намоиши эҷодиёти мусаввири шодравон Мирзофирӯз Сулаймонов ошноӣ пайдо намуд - 17.10.2021 11:45
Хуҷанд: Иди Меҳргон бо шукуҳи хоса таҷлил гардид - 16.10.2021 16:59
Ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар 9 моҳи соли 2021 - 15.10.2021 16:47
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд - 15.10.2021 16:38
Суғд: Ба маблағи 8 млрд. 698,6 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд - 15.10.2021 16:22
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 14,5 млрд. сомонӣ баробар шуд - 15.10.2021 16:21
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 1,3 миллиард сомониро ташкил дод - 15.10.2021 13:11
ЭЪЛОН: Бахшида ба Иди Меҳргон намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида мешавад - 15.10.2021 13:07
ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон - 15.10.2021 09:31

Ба шаҳри Хуҷанд тўҳфаи гаронарзиши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон 43 422 нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров расид

( 0 Овоз )

18-уми сентябри соли равон корвони китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров, ки  ҳамчун қомус, шоҳасар ва шиносномаи миллат арзёбӣ мешавад, вориди шаҳри Хуҷанд гардид.

Дар толори Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд нахустин нусхаҳои туҳфаи Пешвои миллат-  китоби «Тоҷикон»-ро  Рукмина Сафарзода муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва раисони 22 маҳаллаҳои шаҳр тақдим дошта, аз ҷумла зикр дошт, ки ин иқдоми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи олии ватандўстӣ, тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори ватандорӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар дар давраи ихтилофи сиёсӣ дар замони муосир, анъанаҳои миллӣ дар заминаи таъриху осори гузаштагон, таблиғи ғояҳои ифтихори миллӣ, ватанпарастии ҷавонон, дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонон ба андӯхтани илму дониш, ҳифзи ҳувияти миллӣ, арзишҳои волои миллати куҳанбунёди тоҷик, баланд бардоштани сатҳи маънавии ҷавонон, бедор  намудани ҳисси худшиносии миллӣ,  таблиғи дастовардҳои миллӣ, мустаҳкам  намудани пояҳои Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофотпарастӣ ва парвариши инсони комил мебошад.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода миннатдории самимонаи сокинони шаҳри Хуҷанд аз туҳфаи гаронбаҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арз дошта, таъкид дошт, ки шоҳасари «Тоҷикон»-и мутафаккири барҷаста, академик, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров намунаи бебаҳотарин ва безаволи таърихӣ буда, даҳсолаҳост, ки арзиши худро гум накарда ва умри он ҷовидонӣ хоҳад буд. Дар он таърихи натанҳо халқи тоҷик, балки тамоми инсоният дарҷ гардидааст. Хизмати аввалиндараҷаи академик Бобоҷон Ғафуров барои ҳифозати таърихи миллати тоҷик дар ин китоб инъикос гардидааст. Китоби «Тоҷикон» воқеан ифшогари аслу вуҷуди миллати тоҷик аст.

Фирдавс Шарифзода ба гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати ба қайд гирифтан ва ба ҳар як оилаи шаҳр расонидани 43 422 нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров -туҳфаи арзишманди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастуру супоришҳо дод.

Ёдовар мегардем, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки бо мақсади омӯзиши таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон»-ро аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расонида, ба ҳар як оила кишвар тақдим намоянд. Дастрас гардидани ин китоб ба аҳолӣ яке аз иқдомҳои наҷибонаи Пешвои муаззами миллат ба ҳисоб рафта, сокинон низ бо хушнудии зиёд туҳфаи арзишманди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро пазируфтанд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки китоби «Тоҷикон» соли 1972 ба забони русӣ, солҳои 1983 ва 1985 ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр гардидааст. Ин китоб дар илми таърихшиносии ватанию хориҷӣ шуҳрати бузург касб кардааст. Чунки муаллифи он таърихи халқи тоҷикро дар пояи консепсияи мукаммали илмӣ таҳқиқ карда, аз маводи фаровони таърихӣ, этнографӣ, лингвистӣ, бостоншиносӣ ва мадраку манбаъҳои зиёди таърихӣ истифода бурдааст. Аллома Бобоҷон Ғафуров тавассути ин шоҳасари худ тоҷиконро ба ҷаҳониён ба таври мукаммал муаррифӣ намуда, дар асоси сарчашмаҳои илмӣ нақши онҳоро дар рушди тамаддуни башарӣ арзишманд арзёбӣ кардааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ба шаҳри Хуҷанд тўҳфаи гаронарзиши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон 43 422 нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров расид