Ифтитоҳи муассисаи таълимии хусусӣ дар Панҷакент

( 0 Овоз )

Тибқи нақша - чорабиниҳои мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди муассисаҳои нави таълимии дорои шароитҳои муосири таҳсил торафт вусъат гирифта истодааст. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва саҳмгузории соҳибкорон Муассисаи таълимии хусусии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ расман ба фаъолият оғоз намуд.

Дар Муассисаи мазкур аз тарафи муассис ба маблағи 550 ҳазор сомонӣ дар муддати як сол дар заминаи бинои мавҷуда барои 80 нафар хонанда дар як баст имкониятҳои беҳтарини таълим муҳайё гардидааст.

Бинои Муассиса аз 2 ошёна, 16 синфхона, аз ҷумла 4 синфхонаи фаннӣ, синфхонаҳои компютерӣ, утоқҳои алоҳидаи фанҳои дақиқ, майдончаи варзишӣ ва маҷлисгоҳ иборат мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019 иброз доштанд, ки солҳои 2020–2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шаванд.

Мактаби хусусии мазкур ибтикори шоиста ҷиҳати дар амал татбиқнамудани дастури Паёми Пешвои миллат буда, замина барои омӯзиш ва рушди фанҳои дақиқ мегардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд