Айнӣ. Дар Ҷамоати деҳоти Шамтуч толори варзишӣ ба истифода дода шуд

( 0 Овоз )

Дар Ҷамоати деҳоти Шамтучи ноҳияи Айнӣ толори варзишии навбунёд мавриди истифода қарор дода шуд.

Толори варзишӣ бо ташаббуси соҳибкор Мирзо Ҳидоятзода ва кӯмаки аҳолии деҳа дар назди МТМУ-и № 17-и деҳа барои 400 нафар хонанда, бо маблағи наздики як миллиону дусад ҳазор сомонӣ бунёд карда шуд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки дар рафти корҳои бунёдкорӣ дар иншооти мазкур ҳамарӯза 35 нафар сохтмончиёни доимӣ ва аҳли деҳа ҳар рӯз ба тариқи ҳашар то 100-120 нафар хизмат намуданд, ки ҳамаи корҳо бо сифати баланд ба анҷом расонида шуданд.

Сокинони деҳаи Шамтуч ҷидду ҷаҳд намуданд то оғози соли нави хониш иншоотро ба хонандагон тӯҳфа намуда, инчунин дастовези арзандаеро бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш кунанд. Толори варзишӣ бисёр барҳавою боҳашамат бунёд гардида, дар он хонандагони муассисаи таълимӣ метавонанд ба футбол, воллейбол, баскетбол, теннис ва дигар намуд бозиҳои варзишӣ машғул шаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд