Хабарҳо
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо директори намояндагии Бонки рушди Авруосиё дар Тоҷикистон - 24.09.2021 17:19
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид - 24.09.2021 09:50
Ашт. Иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳашари пахтачинӣ - 23.09.2021 19:00
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии ноҳияи Балҷувонро мавриди истифода қарор доданд - 23.09.2021 16:43
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчам ва Нишони давлатиро дар маркази ноҳияи Балҷувон ифтитоҳ намуданд - 23.09.2021 16:40
Президенти мамлакат дар Балҷувон Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳияро ба истифода доданд - 23.09.2021 16:34
Ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ дар Хуҷанд чорабинӣ доир гардид - 23.09.2021 10:10
Ба зодгоҳи аллома Бобоҷон Ғафуров китоби "Тоҷикон" - туҳфаи арзишманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо теъдоди 63 940 нусха дастрас гардид - 23.09.2021 10:08
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар шаҳри Гулистон - 23.09.2021 09:57
Нашри китоби "30 баҳори Истиқлол" дар Хуҷанд - 22.09.2021 15:55

Гулистон. Ба беш аз 200 нафар хонандагон аз оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ туҳфа карда шуд

( 0 Овоз )

Дар шаҳри Гулистон ба беш аз 200 нафар мактаббачагон аз қишри ниёзманди аҳолӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр либосҳои мактабӣ туҳфа карда шуд

Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода дар суҳбат бо хонандагон аз оилаҳои камбизоат зикр кард, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати фардосози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитро барои донишандӯзии насли наврас, интихоби касбу кори дилхоҳ, ташаккули ҷисмониву маънавии насли наврас муҳайё намудаанд. Вазифаи асосии насли наврас дар ин раванд хониши хубу аъло ва ҳамчун шахсиятҳои баруманди ҷомеа ба камол расидани онҳо мебошад.

Сипас, Бахтиёр Саидаҳмадзода ба бачаҳо либосҳои мактабиро дар вазъи мутантан супорида, онҳоро бо оғози соли нави таҳсил ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуд.

Мактабиён зимни мулоқот бо шаҳрдор дар бораи орзуву ниятҳои худ, омодагиашон ба соли нави таҳсил сухан ронда, дар васфи Тоҷикистон, ваҳдат ва ҳифзи марзу буми муқаддаси Ватан шеърҳо қироат карданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Гулистон. Ба беш аз 200 нафар хонандагон аз оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ туҳфа карда шуд